Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бинобар боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма дар шаш нуқтаи қисмати ҷанубии нақби Анзоб, беш аз 30 ронандаву мусофирон ду рӯз аст, ки роҳбанд мондаанд.

Анзур Раҷабов, нозири хадамоти нақлиётии минтақаи Зарафшон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бинобар дар километри 73 то 79-ми қисмати ҷанубии нақби Анзоб фаромадани тарма убури нақлиёт аз ҳарду самти нақб муваққатан қатъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳарорати ҳаво дар ин минтақа рӯзона 12-13 дараҷа ва шабона то 20 дараҷа сард мебошад. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва ниҳодҳои масъул то андозае ба роҳбандмондагон кумак мекунанд.

Абдулғанӣ Ҷурақулов, сардори бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Айнӣ, дар як суҳбати телефонӣ гуфт, шоҳроҳии Хуҷанд-Душанбе тавассути нақби Анзоб бинобар боришҳи барфи зиёд расман баста мебошад ва танҳо мошинҳое, ки дар кори сохтмони тунел фаъолият доранд, равуояшон иҷозат аст.

Ин дар ҳолест, ки шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ягона ҷодаест, ки устони Суғдро бо маркази ҷумҳурӣ мепайвандад ва дар ҳолати баста буданаш сокинони минтақаи Зарафшони ин вилоят дар инҳисори иқтисодиву иҷтимоӣ қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG