Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон ва Тошканд наздикӣ меҷӯянд


Вилям Фаллон, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои ИМА, ҳини боздид аз Осиёи Марказӣ, Душанбе, 22 январ

Вилям Фаллон, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои ИМА, ҳини боздид аз Осиёи Марказӣ, Душанбе, 22 январ

Нашрияи амрикоии «Ҳералд Трибюн» дар шумораи ахираш навиштааст, тағйири сиёсати Вошингтон дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур нест.

Ин нашрия бо ишора ба мулоқоти 10 рӯз пеши адмирал Вилям Фаллон, фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои Амрико, бо раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар Тошканд менависад, ин мулоқот низ метавонад ҳамчун паёми дигари Вошингтон мабнӣ ба тағйири эҳтимолии мавзеъгириаш дар қиболи кишварҳои худкомаи шӯравии пешин талаққӣ шавад.

Адмирал Фаллон гуфтааст, ӯ кадом як барномаи бузурге дар мавриди Узбакистон бо худ надошт ва мавзӯъи дастрасии дубораи нерӯҳои Амрико ба пойгоҳҳои ҳавоии Узбакистон ва ё истифодаи ҳавопаймоҳои амрикоӣ аз ҳарими ҳавоии ин кишвари Осиёи Марказӣ дар мулоқот бо Каримов матраҳ набудааст. Вай гуфтааст, танҳо қасди ӯ аз ин сафар шурӯъи дубораи гуфтугӯ байни Тошканду Вошингтон ва баррасии роҳҳои рафъи сардии уфтода дар равобити байни ду кишвар будааст.

Аммо муаллифи Ҳералд Трибюн менависад, қасди адмирал аз дидори Тошканд хеле фаротар аз он чӣ ки мегӯяд, ба назар мерасад. Равобити Амрикову Узбакистон дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 ба сардӣ гароид. Тошканд ошӯби мардум дар Андиҷонро ба хоку хун нишонд, ки мавҷи шадиди интиқодро аз сӯи Ғарб, аз ҷумла Амрико ба бор овард. Тошканд, ба дунбол, аз Пентагон хост нирӯҳояшро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод берун кашад.

Муаллиф меафзояд, ақидаи густариши демократия, ки президенти Амрико Ҷорҷ Буш аз он дам мезад, чандон густариш пайдо накард ва акнун барои худ дар портфели манофеъи густардатари Амрико дар минтақа ҷойи по меҷӯяд. Нафту газ, тавсиъаи тиҷорат ва зербинои мухобиротӣ, ва густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои низомӣ ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир – ин аст арсаҳои асосии бохтаи Амрико дар сабқат бо Русияву Чин барои густариши нуфуз бар минтақа.

«Ҳералд Трибюн» менависад, вазъ ҳам назар аз се соли пеш хеле тағйир кардааст. Се сол пеш ҷаҳон шоҳиди силсилаи инқилобҳои рангаӣ дар Гурҷистону Украина буд, ки бар умедвориҳои аҳзоби мухолиф дар мавриди расидан ба ҷомеъаҳои маданӣ дар кишварҳои шӯравии собиқ афзуд. Ва дар феврали ҳамон соли 2005 буд, ки Ҷорҷ Буш эълом кард, ҳадафи аслӣ ва ниҳоӣ раҳоии мардумон аз зери бори зулму ситам ва хатми истибдод дар тамоми ҷаҳон аст.

Моҳе баъд ошӯби мардум дар Қирғизистон мунҷар ба суқути давлати Аскар Оқоев шуд. Моҳи майи ҳамон сол издиҳом дар Андиҷони Узбакистон ба тазоҳурот бархост. Тазоҳуроте, ки аз сӯи Тошканд бо истифода аз зӯри силоҳ ва артиш бераҳмона саркӯб карда шуд ва садҳо тан аз тазоҳургарони бесилоҳ дар натиҷа кушта шуданд. Ғарб чунин бархӯрди пурхушунат бо тазоҳургаронро маҳкум кард. Аммо инзивоъи байналмилалӣ боиси боз ҳам дар худ фурӯтар рафтани Ислом Каримов шуд. Ӯ талаби таҳқиқи байналмилалии рӯйдодҳои Андиҷонро рад кард ва бо Чину Русия наздиктар шуд.

Аммо Брюс Паннер, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар Радиои Озодӣ, мегӯяд, акнун танҳо бо як сафари кӯтоҳи адмирал Фаллон наметавон дар бораи кадом таҳаввули қобили мулоҳизае дар равобити Амрико бо Узбакистон ҳадс зад. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир ин бештар ба фоидаи Каримов аст, ки дар арафаи сафари расмиаш ба Русия мехоҳад ба Маскав нишон диҳад, ки Ғарб, аз ҷумла Амрико ҳанӯз ҳам рӯи Тошканд ҳисоб мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Узбакистон бо Каримов ва ё бе ӯ, як кишвари калидӣ барои Амрико дар минтақа боқӣ мемонад.

Вале рӯзномаи амрикоӣ менависад, равандҳои демократӣ дар минтақа баъди рӯйдодҳои хунини Андиҷон қатъ шуда, майдонро ба ҷараёнҳои аксулинқилобӣ холӣ карданд ва ба назар мерасид, ки ин сабқат дар куллия масоили чӣ бузургу чӣ реза бо пирӯзии ҷиноҳҳои муштзӯр анҷом ёфтааст. «Ҳералд Трибюн» аз сарнавишти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, низ ёд овардааст, ки баъди он, ки қасди ширкаташ дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, бо кӯмаки Русия боздошт ва дар моҳи октябри соли 2005 ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Адмирал Фаллон мегӯяд, ӯ ба Ислом Каримов ва дигар мақомоти Узбакистон возеҳ кардааст, ки вазъи ҳуқуқи башар ва чандандешии сиёсӣ омилҳои мушкилсоз дар равобити байни Тошканду Амрико будаанд. Вале ба бовари ӯ, равобити ду кишвар дар соҳоте, ки ҳарду мувофиқанд, бояд рушд кунад.

XS
SM
MD
LG