Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии вилояти Хатлон парвандаи боз як узви гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро таҳқиқ карда, ба додгоҳи маҳаллӣ ирсол намудааст.

Мақомоти додситонӣ Саид Қодировро баъд аз 8 соли дар пайгарди қонунӣ қарор доштанаш, боздошт намуда ва ӯро силсилаи амалиёти тахрибкорӣ дар Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, муттаҳам кардааст. Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноӣ алайҳи Саид Қодиров, як узви гурӯҳи муташаккили марбут ба сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро пас аз таҳқиқ, барои баррасӣ ба додгоҳи Хатлон ирсол кард.

Саидмурод Қодиров, муовини аввали додситони вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, муфаттишони додситонӣ даст доштани нафари муттаҳамро дар таркишҳои назди бинои раёсати умури дохилаи Хатлон, шӯъбаи умури дохилаи Қӯрғонтеппа, фирқаи таъиноти махсуси ВКД, мустақар дар ноҳияи Бохтар, собит кардаанд. Ин инфиҷорҳо ҳамагӣ дар шаби 2-юм ба 3-юми ноябри соли 1998 дар шаҳри Қӯрғонтеппа рух додаанд.

Вай ҳамчунин гуфт, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Саид Қодиров дар моҳи марти соли 1999 ифтитоҳ гардида ва сар аз ҳамон сол вай дар пайгарди қонунӣ қарор дошт. Мақомоти интизомӣ ӯро танҳо дар охири соли 2007 дар манзили зисташ дар ноҳияи Хуросон боздошт кардаанд. Дар сурати собит шудани гуноҳи Саид Қодиров дар додгоҳ, ӯро ҷазои то 20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи моликияташ интизор аст.

Яке аз пайвандони нафари муттаҳам ба шарти ифшо нашудани исму насабаш гуфт, Саид Қодиров яке аз даҳҳо ҷавонмардонест, ки ба истилоҳ, «асир»-и найрангҳо ва фишори силоҳбадастони Маҳмуд Худойбердиев шудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси маҳаллӣ Давлати Шоҳэътибор мегӯяд, то ин замон дар Қӯрғонтеппа шумори афзуни пайравони Маҳмуд Худойбердиев мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Ба эътиқоди оқои Шоҳэътибор, баъд аз фирори Маҳмуд Худойбердиев ба хориҷ аз кишвар, чандин пайрави ӯ бо дарки иштибоҳи худ ба ватан баргаштанд, аммо аз сӯйи мақомот ҳамоно ба зиндон кашида шуданд.

Айни замон дар вилояти Хатлон дастикам 30 нафар аз пайравони сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар пайгарди қонунӣ қарор доранд ва беш аз 10 сокини ин минтақа танҳо дар 2 соли ахир бо ҳамин ҷурм равонаи зиндон шудаанд.

Тибқи иттилоъи расмии ҷониби Тоҷикистон, Маҳмуд Худойбердиев бо гурӯҳи худ феълан дар қаламрави Узбакистон панаҳ бурдаанд, аммо мақомоти Узбакистон воқеияти ин далелро инкор мекунанд. Гуфта мешавад, пас аз ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи М. Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон, дар моҳи ноябри соли 1998, ки беш аз 100 нафар қурбонӣ дар пай дошт, наздик ба 200 узви гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ дар Тоҷикистон ба муҷозот кашида шуданд, аз ҷумла то мутаваққиф шудани иҷрои ҳукми қатл дар кишвар, беш аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон, ба қатл маҳкум шудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG