Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия боз ба шимоли Ироқ ҳамла кард


Як мақоми расмии Курдистони Ироқ гуфт, имрӯз 4 феврал панҷ ҳавопаймои ҷангии Туркия паноҳгоҳҳои ҷудоихоҳони курдро дар шимоли Ироқ бомбборон карданд. Доир ба талафот дар ин ҳамлаҳои ҳавоӣ гузорише то кунун дар даст нест. Ҷаббор Ёвар - як мақоми баландпояи вилояти Худмухтори Курдистони Ироқ гуфт, амалиёти ҳавоии низомиёни Туркия дар манотиқи марзии Ироқ як соат идома кардааст. Туркия барои маҳви ҷудоихоҳони Ҳизби Коргарони Курдистони Туркия зуд-зуд манотиқи марзии Ироқро нишон мегирад. Ҷудоихоҳони ҳизби мазкур бо истифода аз паноҳгоҳҳояшон дар шимоли Ироқ ба низомиёни Туркия ҳамла мекунанд.

XS
SM
MD
LG