Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Дмитрий Рогозин ба Лаҳистон


Дмитрий Рогозин - намояндаи Русия дар Паймони Атлантики Шимолӣ, ба давлати Лаҳистон ҳушдор додааст, ки сипари дифоъи мушакии Амрикоро дар қаламраваш ҷойгир накунад. Дмитрий Рогозин гуфтааст, Лаҳистон бояд бо тамоми ҳамсояҳояш равобити дӯстона дошта бошад, аммо ҳукумати Варшава сиёсати рӯёрӯиро пеш гирифтааст. Ин баёнияи Рогозин баъд аз он садо дод, ки вазири умури хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорскӣ гуфт, кишвараш дар робита ба истиқрори сипари дифоъии Амрико дар Лаҳистон ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG