Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон кӯмак хост


Бунёди Ҳимоят аз Кӯдакони Созмони Милал ЮНИСЕФ барои кӯмак ба бемористону ятимхонаҳои Тоҷикистон, ки аз сармои шадид ранҷ мебаранд, хостори бештар аз 700 ҳазор доллар шудааст. Бино ба иттилоъи расмии ЮНИСЕФ, вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз ин созмон хостааст, барои гарм кардани зойишгоҳу ятимхонаҳо ва таъмини онҳо бо либосу ҷойхоби гарм генератор, маводи аввалияи беҳдоштӣ ва рахти хоб кӯмак кунад. ЮНИСЕФ мегӯяд, бар асари сармои шадид, ки ҳоло ҳам дар Тоҷикистон идома дорад, ҳадди аққал ду кӯдак дар зойишгоҳҳо бар асари қатъи интиқоли нерӯи барқ ҷон додаанд ва 60 дар сади таввалудхонаҳо дар Тоҷикистон ба оби пок дастрасӣ надоранд. Кӯдакон дар тамоми 3800 макотиби кишвар аз сармои шадид ранҷ мебаранд ва қисми зиёд бинобар сармои қаҳратун ба мактаб намераванд.

XS
SM
MD
LG