Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҷашнвораи шатранҷи «Moskov-оpen»-2008


Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов

Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов

Ду шатранҷбози тоҷик – Фаррух Амонатов ва Соиб Ҷӯраев – дар чаҳорумин давраи ҷашнвораи шатранҷи «Moskov-оpen»-2008 ширкат доранд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ дар пойтахти Русия бо ширкати беш аз 1200 шатранҷбоз аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар 4 гурӯҳ сурат гирифтааст. Ҳарду намояндаи Тоҷикистон дар гурӯҳи асосии «А», ки ба он 274 нафар шомиланд, ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯи манзумаи суисӣ дар 9 давр доир мегардад.
Бузургустоди (гроссмейстери) тоҷик Фаррух Амонатов дар ду дидор 1, 5 имтиёз ба даст овардааст. Ӯ нахуст бар шатранҷбози Русия Игор Земтсов пирӯз гардида, баъдан бозиро бо намояндаи Узбакистон Шӯҳрат Сафин мусовӣ анҷом дод.
Соиб Ҷӯраев
Шатранҷбози ҷавони тоҷик Соиб Ҷӯраев бошад, дар ду бозӣ як имтиёз гирифтааст. Ӯ дар даври аввал бар қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон байни ҷавонон устоди байналмилалӣ Санан Сюгиров (Русия) ғалаба кард. Вале дар даври дувум аз Павел Двалишвилии русиягӣ мағлуб гардид.
Бад-ин тартиб пас аз натиҷагирии ду даври мусобиқа 36 нафар дуимтиёзӣ ба даст овардаанд.
Дар даври севуми мусобиқа Фаррух Амонатов бо Александр Харитонов ва Соиб Ҷӯраев бо Сергей Матсенко, ҳарду аз Русия, бозӣ мекунанд.
Лозим ба тазаккур аст, ки шатранҷбози 29-солаи тоҷик Фаррух Амонатов соли гузашта дар севвумин давраи ҷашнвораи шатранҷи Moskov Open-2007 дар байни 12 нафар беҳтаринҳо ҷойгир шуда, ба мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Русия роҳхат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG