Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2007- соли пур аз марги хабарнигорон


Соли 2007 маргбортарин сол барои хабарнигорон дар 14 соли охир ва кишварҳои Эфиопияву Гамбия ва Русия кишварҳои буғикунандаи матбуот дониста шудаанд.

Гузориши солонаи Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон, ки бо номи “Ҳамлаҳо алайҳи матбуот” нашр шуд, шумори шумори хабарнигорони кушташуда дар соли гузаштаро 65 нафар баровард кардааст. Соли 1994 дар ҷаҳон ва асосан дар кишвари ҷангзадаи африқоии Руанда 66 хабарнигор, яъне як тан бештар аз соли гузашта, кушта шуда буд. Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш «Хабарнигорони бидуни марз» - як созмони дигари дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Порис, шумори хабарнигорони кушташуда дар саросари ҷаҳон дар соли гузаштаи 2007-умро 86 нафар гуфта буд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, дар мавриди муҳосибаи теъдоди хабарнигорони кушташуда аз шеваи шадидтаре кор бурдааст ва то ҳол ба таҳқиқи сиҳҳати 23 мавриди дигари марги журналистон идома медиҳад. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар гузоришаш мегӯяд, дар 70 дарсади маворид хабарнигорон дар натиҷаи сӯъиқасд ва дар боқии маворид қурбони дар задухӯрдҳо кушта шудаанд.

Кристина Амонпур, хабарнигори шабакаи телевизионии Си-Эн-Эн ва узви ҳайъати мудираи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мегӯяд, куштори хабарнигорони мустақил ба як воқеъияти талхи ҷаҳони муосир табдил ёфта ва гурӯҳҳо ё давлатҳои танқидшуда ба хотири бастани даҳони мунаққиди худ ҳарчӣ бештар ба қотилони зархарид муроҷиъат мекунанд. Вай афзуд, баъзе хабарнигорон дар айни задухӯрдҳо дар як вақти номувофиқ дар як макони номувофиқ уфтода ва ба ин сабаб кушта мешаванд. Аммо дар ағлаби маворид онҳоро ба таври мунтахабу ҳадафмандона таъқиб мекунанд ва мекушанд. Дар 85 дарсади мавридҳо куштори хабарнигорон бемуҷозот мемонад. Қобилон ва фармоишгарони кушторҳо ба масъулият кашида намешаванд.

Ҳам дар гузориши пештар нашркардаи «Хабарнигорони бидуни марз» ва ҳам дар гузориши Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон Ироқ маргбортарин қаламрав барои фаъолиятҳои хабарнигорӣ ном бурда мешавад. Созмони амрикоӣ мегӯяд, 32 нафар, яъне тақрибан нисф аз 65 хабарнигори кушташуда дар Ироқ ба ҳалокат расидаанд. Бино бар бароварди ин созмон, тайи инак андаке камтар аз 5 соли оғози ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Ироқ дар ин кишвари ҷангзада 125 хабарнигор ҷони худро аз даст додаанд.

Гузориш Чинро дар сабқати кишварҳои зиндоникунандаи матбуот дар ҷойи аввал гузошта, мегӯяд, дар ин кишвар 29 хабарнигор, аз ҷумла 18 нафаре, ки барои Интернет мақола менавиштаанд, дар зиндон ба сар мебаранд. Бино ба омори Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон, то таърихи 1 декабри соли 2007 дар ҷаҳон 127 хабарнигор дар маҳбас ба сар мебурд.

Кумитаи амрикоӣ бахши марбут ба кишварҳои шӯравии собиқи гузоришашро “Бознависии қонун журналистикаро ба ҷиноят табдил медиҳад” унвон карда, менависад, аз ин шева ибтидо Русия кор бурд ва баъдан Узбакистону Тоҷикистон бо роҳи таҳрири қонунгузории матбуоти худ ба Маскав пайравӣ кардаанд. Ин созмон радиои «Эхо Москви»-ро танҳо ҷазираи ҳифзшудаи матбуоти озод дар Русия ном бурда, менависад, аммо мақомот талош доранд марзҳои озодиро ҳатто дар ин танҳо як ҷазираи боқимонда ҳам батадриҷ маҳдудтар кунанд.

Гузориш мегӯяд, Русия ба сабаби ақибнишиниаш аз роҳи демократия ва озодии матбуот ҳамчунон мавриди интиқоди Ғарб қарор дорад, вале Маскав акнун дар муқобил ҳарчӣ бештар аз ҳар навъ, ба гуфтаи мақомоташ, “талоши дахолати хориҷӣ дар умури дохилиии Русия” ҳушдор медиҳад. Аз сӯи дигар, Русия талош дорад, бисёре аз кишварҳои пешини шӯравиро дубора ба қаламрави нуфузаш баргардонад. Аз ҷумла тавассути Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки ба ҷуз аз Русияву Чин 4 кишвари Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.

Кристина Амонпур, узви ҳайъати мудираи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мегӯяд, “сояи сиёҳи сонсур акнун ба тамоми Осиёи Марказӣ доман паҳн кардааст, чунки ҳамсояҳои Русия, кишварҳои шӯравии собиқ аз Кремлин, ки ҳарчӣ бештар ба чоҳи худкомагӣ фурӯ меравад, ибрат мегиранд.”

Эҳсоси ҳамсангарӣ бо Русия кишварҳои Осиёи Марказиро дар амри тавсиъаи ҳамла ба озодии матбуот бебоктар кардааст, менависад кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва меафзояд, ин ҳол ба хусус дар Узбакистон маҳсус аст. Тошканд тайи ду соли гузашта аз ҳаводиси хунини Андиҷон матбуоти дохилиро таҳти назорати комил дароварда, дафтарҳои ҳама расонаҳои муҳими хориҷӣ, аз ҷумла радиоҳои Би Би Си, Мавҷи Олмон ва радиои Озодиро, ки бо забони узбакӣ низ барнома нашр мекарданд, баста, онҳоро маҷбур ба тарки қаламраваш кардааст. Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон менависад, тағйири ду сол пеши қавонин ҳамкорӣ бо расонаҳои хориҷиро барои хабарнигорони маҳаллӣ дар Узбакистон ба як касби хатарнок табдил додааст.

Соли гузашта дар Узбакистон дасти кам 5 хабарнигор ба маҳкама кашида шуда, кумитаи дифоъ аз хабарнигорон тафсилоти қатли хабарнигори узбакзабон ва муассиси маҷаллаи “Сиёсат” Алишер Соҳибов дар Ӯши Қирғизистонро низ дар бахши марбут ба Узбакистони гузориши солонааш овардааст. Алексей Симонов, раиси Бунёди дифоъ аз озодии баён, мақараш дар Маскав, гуфтааст, авзоъ дар минтақа ҳамчунон босуръат тағйир меёбад. Ба эътиқоди ӯ, озодии матбуотро дар ин қаламрав зимистони сардтаре ҳанӯз дар пеш аст.

XS
SM
MD
LG