Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба фазо моҳвора мефиристад


Эрон имрӯз як мушакеро озмоиш кард, ки қодир ба ҳамли моҳвора ба мадори Замин аст. Мақомоти расмии Эрон гуфтанд, ки қарор аст, то шаш моҳи дигар моҳвораи таҳқиқоти сохти дохилӣ ба мадори Замин партоб шавад. Телевизиони давлатии Эрон партоби мушакро аз як пойгоҳи кайҳонии воқеъ дар маҳҳали биёбонмонанде намоиш дод.
Қудрати Эрон дар партоби моҳвора ба фазо метавонад, баёнгари пешрафти ин кишвар дар мушаксозӣ бошад. Аммо коршиносони ғарбӣ мегӯянд, бинобар камии иттилоъот доир ба фанновариҳои мушаксозии Эрон наметавон мушаххас кард, ки Эрон то чӣ ҳад дар ин самт пешрафт кардааст.

XS
SM
MD
LG