Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти ғайринизомиён дар Фароҳ


Мақомоти расмӣ дар Афғонистон мегӯянд, дар ҷараёни як амалиёти муштараки нерӯҳои маҳаллӣ ва НАТО алайҳи ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти Фароҳ чанд ғайринизомӣ, аз ҷумла кудакон кушта шудаанд.

Мақомоти вилояти ҷанубушарқии Фароҳ роҷеъ ба талафоти ғайринизомиён дар амалиёти шоми якшанбе арқоми мухталиф медиҳанд. Раиси ноҳияи Бакво Хоноғо гуфт, дар ин амалиёт танҳо як ҷангҷӯи Толиб ва ду зану се кӯдак кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ ҳамчунин дар амалиёти ҷудогонае дар вулусволии Ҳилманд чандин тан аз ҷангҷӯёни Толибро куштаанд.

XS
SM
MD
LG