Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар Исроил


Маъмурони пулис ва наҷотбахшони Исроил мегӯянд, як бомбгузори маргталаб имрӯз 4 феврал худро дар шаҳре дар ҷануби ин кишвар мунфаҷир карда дасти кам 1 нафарро кушт ва 10 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Тайи як соли ахир бори аввал аст, ки дар Исроил бомбгузории маргталабона сурат мегирад. Ин ҳамла дар маркази тиҷоратии Димона, маҳалли як таъсисоти комилан махфии атомии Исроиол ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, дар маҳалли таркиш ҳамчунин камарбанди нотаркидае пайдо шуд ва зоҳиран дар инҷо ду бомбгузор будааст. Ин ҳамла чанд ҳафта баъд аз он сурат гирифт, ки созмони тундрави Ҳамос бо Ташкилоти Худгардони Фаластин музокироти оштиро аз сар гирифтанд.

XS
SM
MD
LG