Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медал ва ду роҳхати олимпии муштзанҳои тоҷик


Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 81 кило бар ҳама ғолиб омад
Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 81 кило бар ҳама ғолиб омад

Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпии Осиёӣ дар Тайланд соҳиби се медал ва ду роҳхат ба Олимпиадаи Пекин-2008 гардид.

Ин мусобиқа дар шаҳри Бангкок бо ширкати 141 муштзан аз 28 кишвари қора аз рӯи даҳ дараҷаи вазнҳо тӯли нӯҳ рӯз идома кард.

Анвар Юнусов дар вазни то 51 кг дар рақобати ниманиҳоӣ бар Пак Ҷонг Чол, аз Кореяи Шимолӣ аз рӯи имтиёз бо натиҷаи 15:3 дастболо шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва аз байни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 гардид. Сипас ӯ дар рақобати ниҳоӣ намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Ок-Сунгро бо натиҷаи 16:8 шикаст дода, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.

Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кг дар давраи ниманиҳоӣ бар Чингиз Борбашев аз Қирғизистон бо натиҷаи 24:10 пирӯз шуда, ба финал баромад ва роҳхати олимпӣ ба даст овард. Баъдан ӯ дар рақобати ниҳоӣ бар Занг Хиаопинг, аз Чин, дар раунди севвум ғолиб омада, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Муштзани дигари тоҷик Шералӣ Достиев, ки дар рақобати ниманиҳоӣ аз намояндаи Қазоқистон Бирҷон Закипов аз рӯи имтиёз бо натиҷаи 8:12 мағлуб гашт, соҳиби медали биринҷӣ шуд, вале аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аъзои дигари дастаи мунтахаби кишвар дар охирин мусобиқаи интихобии олимпӣ, ки аз 16-ум то 22-юми март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир мегардад, барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош хоҳанд кард.

Бад-ин тартиб варзишгарони тоҷик то имрӯз панҷ роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба даст овардаанд. Ёдовар мешавем, ки қабл аз муштзанҳо Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, гурзандоз Дилшод Назаров, паҳлавонон Расул Боқиев дар риштаи дзюдо ва Юсуф Абдусаломов дар навъи гуштии озод соҳиби роҳхатҳои олимпӣ гардидаанд.

XS
SM
MD
LG