Пайвандҳои дастрасӣ

Ду муштзани тоҷик ба олимпиада роҳхат гирифтанд


Варзишгарони Тоҷикистон Анвар Юнусов дар вазни сабук ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни аввали вазнин дар мусобиқаи интихобии Тайланд ҷои аввалро ишғол намуда, барои иштирок дар бозиҳои олимпии Пекин роҳхат гирифтанд.
Ҳамин гуна дар миёни боксчиёни вазнинтарин муштзани эронӣ Алии Мазоҳирӣ варзишгари узбак Ҷасур Маҷҷоновро ноком намуда, ба бозиҳои олимпии Пекин, ки тобистони соли равон барпо хоҳад шуд, роҳхат гирифт.
Сарфи назар аз мағлубияти Маҷҷонов Узбакистон ба бозиҳои Пекин чор боксчии худро мефиристад, зеро онҳо дар мусобиқаи Бангкок ҷои аввалро ишғол карданд.
Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба гирифтани се роҳхат ҳар яке муваффақ шудаанд.
Як роҳхатӣ ба варзишгарон аз Қазоқистон, Ҳиндустон , Япония ва ё Ҷопон ва Эрон насиб кардааст.

XS
SM
MD
LG