Пайвандҳои дастрасӣ

Тадичи ғарбгаро президенти Сербия боқӣ мемонад


Назар ба омори ғайрирасмӣ дар даври ниҳоии интихоботи президентии Сербия номзади ғарбгароБорисТадич пирӯз шудааст. Нозирони мустақил мегӯянд, Тадич 50,5% ва номзади миллатгаро Томислав Николич 48 дар сади райъҳоро касб намудааст. Николич нокомиро эътироф карда, Тадичро бо пирӯзӣ табрик намуд.
Дар ҳар сурат натиҷаи расмӣ дар давоми рӯз эълон хоҳад шуд.
Интихоботи президентии Сербия ҳамчун назархоҳӣ дар мавриди сарнавишти минбаъдаи ин кишвар арзёбӣ мешавад.
Вилояти Косовои ин кишвар рӯзҳои наздик истиқлолашро эълон хоҳад кард ва Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст аз он пуштибонӣ намояд.
Ба гуфти Тадич барои Сербия аз ҳама муҳим узвият дар Иттиҳодияи Аврупо мебошад.
Николич ҷонибдори равобити наздики Сербия бо Русия аст.
XS
SM
MD
LG