Пайвандҳои дастрасӣ

Нато хоҳони тавсеаи ҳузури Олмон дар Афғонистон


Дабири Кулли паймони Нато Яап де Ҳооп Схеффер ҷонибдори ирсоли воҳидҳои ҷангии Олмон ба Афғонистон аст. Рӯзномаи олмонии Билд (Bild) аз қавли Схеффер овардааст, ки Олмон ба ҳайси кишвари фармондеҳ дар шимоли Афғонистон кори бузургеро ба сомон мерасонад, вале, ба ақидаи Схеффер, нерӯҳои байналмилалӣ ба кумаки ин кишвар дар дигар гӯшаҳои Афғонистон низ эҳтиёҷ доранд. Рӯзи 1-уми феврал вазири мудофиаи Олмон Франтс Йозеф Юнг ирсоли нерӯҳо ба ҷануби Афғонистонро аз эҳтимол дур донист. Ба гуфти Юнг ваколати Олмон имкон намедиҳад, ки нерӯҳо ба ин минтақаи ноором фиристода шаванд.
XS
SM
MD
LG