Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон мухолифонашро муттаҳам кард


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия мухолифони худро муттаҳам кард, ки онҳо талош доранд дар ҷомеъа ҷудоиандозӣ кунанд. Ҳукумати оқои Эрдуғон мехоҳад духтарони донишгоҳӣ бо русарӣ ба дарсҳо ҳозир шаванд. Хабаргузории Анатолия навиштааст, рузи шанбе ба нишонаи эътироз бар зидди чунин нақшаҳои ҳукумати оқои Эрдуғон бештар аз сад ҳазор дар Туркия даст ба тазоҳурот задаанд. Тазоҳуркунандагон мегуянд, ҷорӣ кардани русарӣ барои духтарони донишгоҳӣ низоми дунявӣ дар Туркияро ба ҳам мезанад.
XS
SM
MD
LG