Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Эрон ба сафири Фаронса дар Теҳрон


Имруз вазорати хориҷаи Эрон сафири Фаронсаро даъват ва аз мавзеъгирии ин кишвар бар зидди барномаҳои ҳастаии Эрон эътироз кард. Ин эътироз муносиботи миёни Теҳрону Порисро, ки аз дархостҳои ҷомеъаи байналмиллалӣ дар мавриди муттавақиф сохтани ғанисозии урониюми Эрон ҳимоят мекунад, мутташанниҷ сохтааст. Қабл аз ин изҳорот Эрон гуфт, ки пойгоҳи банақшагирифтаи Фаронса дар Халиҷи Форс барои таъмини сулҳу амният дар минтақа кумак нахоҳад кард. Моҳи январ Фаронса бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар бораи иҷоди пойгоҳи низомӣ дар Халиҷи Форс қарордод имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG