Пайвандҳои дастрасӣ

Русия парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро манъ кард


Бунгоҳи ҳавонавардии Русия сар аз имрӯз парвози ҳавопаймоҳои ҳамаи ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистонро ба Русия мамнӯъ эълон кард.

Мақомоти Русия мегӯянд, ин тасмим дар посух ба талаби тарафи Тоҷикистон гирифта шуд, ки пардохти боҷи ҷубронкунандаро барои ҳавопаймоҳои Русия ҳатмӣ гардондааст.

Дар моҳи сентябри соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки дар масирҳои берун аз хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ парвоз мекунанд, бояд боҷи ҷубронкунанда бипардозанд, ки аз $10 ба сари мусофир иборат аст.

Ширкатҳои Русия, ки дар ибтидо ин шартро қабул карда, дар бобати пардохти он замонатнома додаанд, акнун ин амалро хилофи меъёрҳои байнулмилалӣ номида, аз иҷрои ваъдаи худ сарпечӣ мекунанд.

Бӯҳрон махсусан замоне авҷ гирифт, ки мақомоти Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати "Сибир"-ро бо сабаби напардохтани боҷ 8 соат дар фурудгоҳи Душанбе нигоҳ доштанд.

Акнун мақомоти Русия мегуянд, то замоне ки ин Низомномаи Ҳукумати Тоҷикистон лағв ва замонатномаҳои ширкатҳои русӣ бозгардонда нашавад, ба парвози ягон ҳавопаймои Тоҷикистон ба Русия иҷоза нахоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG