Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё нируҳои Амрико аз вазъи воқеъӣ огаҳанд?


Генерал Ҷеймс Конвей-раиси ситоди нируҳои дарёии Амрико мегуяд, вазорати дифоъи Амрико дар бораи вазъияти воқеъии ҷанг дар Афғонистон маълумоти дақиқ надорад. Конвей гуфт, фармондеҳони нируҳои Амрико дар Афғонистон бар ин ишора карда буданд, ки онҳо ба пешрафтҳое ноил шудаанд. Нокомии Толибон дар оғози амалиёти таҳоҷумӣ дар баҳор ва тобистони соли гузашта, куштори баъзе аз раҳбарони Толибон намунаи ин пешрафтҳо будааст. Вале гузоришҳои хадамоти иттилоъотӣ ё кашф нишон медиҳад, ки ҳамлаҳои Толибон афзоиш ёфтааст ва онҳо афроди бештареро ба қатл расондаанд. Конвей ҳамчунин гуфт, ки имкон дорад тундравҳо манотиқи бештареро дар Афғонисон зери контроли худ дароранд.
XS
SM
MD
LG