Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоишномаи дромнависи тоҷик Ҷумъа Қуддус бо номи «Савгандшикан», ки онро Театри дроми ба номи Ҷамбули шаҳри Усткаменогорск ба саҳна гузошт, дар ҳаёти фарҳангии шаҳру вилояти Қазоқистони шарқӣ руйдоди фаромӯшнопазире гардид.

Ба гуфтаи Рустам Есдавлатов, коргардони ин театр, ки намоишномаро ба саҳна гузоштааст, тамошобинони қазоқ «Савгандшикан»-ро чун моли хеш пазируфтанд ва ҳар намоишномаи он пур аз тамошобин буд. Нурлан Ҷумъаниёзов - коргардони Театри дроми шаҳри Остона, ки дар нахустнамоиши ин асар ширкат дошт, мегӯяд, ки ғояи асар яъне ба камбудиҳои хеш хандиданро коргардон тавонистааст, хеле моҳирона рӯи саҳна оварад. Аз ин хотир намоишнома воқеияти имрӯзаи зиндагиро ба таври вижа нишон медиҳад.

Дар ин асар Ҷумъа Қуддус аз як сӯ пастиву разолат, ҳирси молу сарват ва ноодамиро мазаммат намояд, аз сӯи дигар саховатмандиву ҷавонмардӣ ва одамгариро чун беҳтарин фазилати инсонӣ нишон додааст. Коргардон Рустам Есдавлатов мегӯяд, ки вақте вай бори нахуст бо намоишнома ва муаллифи он соли 2006 дар ҷашнвораи театрӣ дар Қирғизистон ошно шуд, ҳам намоишнома ва ҳам муаллифи он ба вай писанд омаданд ва онон асарро ба қазоқӣ тарҷума намуда, барои рӯи саҳна овардани он кӯшиданд. Рустам иброз медорад, ки вай тавонист, ғояи муаллифро, ки аз хеш гузоштани номи нек аст, бо ёрии ҳунарпешагони театр ба ҳамагон бирасонад ва нишон диҳад, ки аз инсон танҳо кору номи некаш боқӣ мемонад, на молу сарвати вай.

Ин ғоя, ба гуфтаи коргардон, ба вижа дар хотимаи намоишнома, вақте Самандари бадхоҳ ва ҳарис бо миллионҳо маблағи хеш наметавонад лаҳзае умри хешро дароз намояд ва дар оғӯши сарват, вале пеши марг оҷизу нотавон ҷон медиҳад, басо таъсирбахш ифода ёфтааст. Ин намоишнома одамонро талқин мекунад, ки дил ба дунёву сарват набанданд ва танҳо дар зиндагӣ маънавият, хирад ва имон дастгиру пуштибонашон мегарданд ва ононро ба амалҳои некӯ раҳнамун месозанд.

Вале аз сӯи дигар барои рушди ҷомиа ва беҳ гардидани зиндагӣ ғолибан талоши як нафар кифоят намекунад ва аҳли ҷомиа низ бояд талош намоянд. Ба таъкиди коргардон, ин нукта дар мисоли зиндагии каҳрамони асосии намоишнома Шариф, ки як сол қабл аз фавташ даст ба амалҳои некӯ заданӣ мешавад, баён ёфтааст. Вале атрофиёни вай ҳама ашхоси бадхоҳу ҳарис ва дурӯяанд ва ӯро намегузоранд, ки ба хостааш бирасад.

Ба таъкиди Рустам Есдавлатов, ҳамаи ин дардҳоеанд, ки на хоси як қавм, балки дарди умумиинсонианд ва аз ин хотир намоишнома ба тамошобини қазоқ писанд омадааст ва он аллакай дар муддаи кӯтоҳ чаҳор маротиба дар саҳнаи театри шаҳри Усткаменогорск ба намоиш гузошта шудааст.

Рустам Есдавлатов изҳор мекунад, ки ҳарчанд онон бори нахуст ба асари саҳнавии дромнависони тоҷик рӯ овардаанд, вале онҳо ба комёбии хубе даст ёфтаанд. Ба гуфтаи коргардон, бо «Савгандшикан»-и дромнависи боистеъдоди тоҷик Ҷумъа Қуддус онон дар ҷашнвораи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар шаҳри Остонаву кишвари Қирғизистон ширкат карданианд ва вай умед ба комёбӣ дар ин озмунҳои ҳунарӣ дорад.

XS
SM
MD
LG