Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши журналистони тоҷик ба гузориши HRW


Созмони байналмилалии дидбони ҳуқуқи башар минҷумла ба вазъи озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон таъкид карда ва мавридҳоеро назири сабти номи дубораи нашрияҳо, ислоҳи Қонуни ҷиноӣ ва тибқи он ҷиноят шумурдани буҳтону туҳмат дар шабакаи интернет ва таъқиби журналистони интиқодгари давлатро мояи нигаронӣ унвон кардааст. Ин навъ арзёбии Созмони дидбони ҳуқуқи башар дар доираҳои хабарнигории Тоҷикистон вокунишҳои мухталиферо ба дунбол доштааст. Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мутаваққифшудаи «Рузи нав» гузориши созмони мазкурро мутобиқ ба шароити ҳоли Тоҷикистон медонад ва мегӯяд, дар воқеъ имкони баёни андеша дар кишвар маҳдуд аст.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад аз ҷониби дигар худи журналистон ва идораҳои нашрияҳо низ ба манзури гурез аз таъқиб ва фишор ҳамоно даст ба худсензурӣ мезананд ва аз инъикоси воқеъиятҳо сарфи назар мекунанд. Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи «Азия плюс» ба ин назар аст, ки авзоъ дар робита ба озодии баён зарфи ду соли ахир беҳдуде наёфтааст. Оқои Мамадшоев мегуяд, дар воқеъ фишор болои матбуот эҳсос мешавад, аммо дар соли гузашта ӯ мавриди таъқиби журанлистон барои интиқодро ёд надорад. Бар ақидаи ӯ, чунин мавридҳои таъқиб шояд барои он мушоҳида нашуд, ки танқиди ҷиддӣ низ дар матбуот вуҷуд надошт.

Ҳамзамон, бархе дигар аз масъулин ва мудирони расонаҳо муътақиданд, ки ба пешрафте дар ин замина даст ёфтаанд ва фишореро дар фаъолияти ҳамарузаи худ эҳсос намекунанд. Рустами Ҷонӣ, мудири кули Радиои Имруз мегуяд, фишоре ва таъқибе аз суи мақомот эҳсос накардаст.

Вокуниши масъулини расонаҳо дар ҳолест, ки мақомоти марбутаи Тоҷикистон аз ироаи ҳар гуна назар дар робита ба гузориши Созмони дидбони ҳуқуқи башар хоса дар заминаи озодии баён ва матбуот худдорӣ кардаанд. Дар гузашта низ камтар мавриде вуҷуд доштааст, ки мақомоти расмии Тоҷикистон роҷеъ ба чунин гузоишҳо изҳори назар карда бошанд.

XS
SM
MD
LG