Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон ба Қандаҳор неру намефиристад


Вазири дифоъи Олмон, Франз Йозеф Юнг имрӯз гуфт, кишвараш нақша надорад, ба ҷануби Афғонистон неруи ҷангӣ фиристад. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида, Робер Гейтс аз Олмон дархост кард, ба минтақаи ҷангзада ва хатарноки ҷанубии Афғонистон неру равон кунад. Ин идомаи баҳси аъзои НАТО дар робита ба Афғонистон мебошад. Ҳукумати Канада гуфтааст, агар кишварҳои узв ба ҷануби Афғонистон неру роҳӣ накунанд, Канада то аввали соли оянда сарбозони худро аз Афғонистон фаро хоҳад хонд.
XS
SM
MD
LG