Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Тоҷикистон ба дигаргуниҳои идорӣ


Борҳост, ки ҳар сари сол дар ҳукумати Тоҷикистон дигаргуниҳое сурат мегиранд. Оё ин дигаргуниҳо дигаргуние меоранд?

Номзадҳои интихоботи президентии Амрико, аз демократ Барак Обама гирифта, то ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн, бо вуҷуди гуногунии мансубияти ҳизбии худ, баъзан шиорҳои ҳамсон мезананд. Чунончи, ҳарду мегӯянд, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот даст ба ислоҳи сохтори идории кишвар хоҳанд зад.

Бо вуҷуди он ки шакл ва таркиби ҳукумати Амрико аз тарафи аксари коршиносон муассир ва босамар дониста мешавад, тақрибан ҳар раҳбари нави ин кишвар ба он тағйире ворид кардааст. Бузургтарини ин дигаргуниҳо дар давраи раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Даблю Буш, дар мавриди таъмини амнияти миллии Амрико ба вуқӯъ пайваст. Бо назардошти ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 Буш Вазорати амнияти ватанро таъсис дод, ки ҳамаи вазорат ва идораҳои иктишофию амниятиро зери як чатр овард.

Оғози амалиёти ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ва Ироқ, ки ба густариши салоҳиятҳои президент ва афзоиши хароҷоти низомӣ роҳ кушод, сабаб гардид, ки порлумони Амрико ба як бунгоҳи дигар вазн ва аҳамияти бештар диҳад, ки ин Бунгоҳи ҷавобгӯии ҳукумат буд. Ҳамин гуна дар вокуниш ба вазъияти нав ва дар иҷрои вазифаҳои нав, ҳукумати Амрико ҳамеша дар ҳоли тағйир ва тасҳеҳ аст.

Мувозанатро дар ин ислоҳот асли тақсими қудрат ва ҳифзи таносуби ҳукуматҳои қонунгузор, иҷроӣ ва адлия таъмин мекунад. Дейвид Волка, раиси Бунгоҳи ҷавобгӯии ҳукумат ё GEO мегӯяд: "Яке аз усули тағйирнопазир ин аст, ки ҳукумати федерол бояд ҷавобгарӣ ва шаффофияти бештар дошта бошад ва бояд дид, ки нақши муносиби ҳукумат дар садаи бистуякум чист."

Нақши ҳукумат дар кишварҳои демократӣ ва ғайридемократӣ аз ҳам фарқ мекунад. Агар бозсохти давлатдорӣ дар Амрикоро бо Русия муқоиса кунем, мебинем, ки дар Иёлоти Муттаҳида аксаран вазифа ва талаботи муайяни пешомада сабаби ислоҳот шуда, дар Русия тағйири сохтори идорӣ ғолибан аҳдофи дохилисиёсӣ доштааст.

Аз сӯи дигар ислоҳот дар Русия бештар ба буҷаи давлатии Кремл вобаста будааст. Бузургтарин тағйири сохтор дар Русия дар соли 2004 ба амал омад. Бо фармони президент Владимир Путин шумораи вазоратҳо аз 23 то 14 адад поин омад. Вале ҳамзамон шумораи ноибони сарвазир афзоиш ёфт ва аз ҳама муҳимаш хадамоти вазорату идораҳо коҳиш ёфта, қудрати онҳо густариш пайдо кард.

Кристина Чуйен аз Маркази пажӯҳишҳои адами густариши ба номи Ҷеймс Мартин дар Амрико мегӯяд, мақсад аз ислоҳоти Путин тақвияти давлати Русия буд, ки баъдан бо афзоиши бесобиқаи нархи нафт ва ҳамзамон сарвати ҳукумат ба иҷро расид. Ба ақидаи Чуйен, ҳамин тариқ, зермаъно ва арзиши аслии ҳама гуна ислоҳоти идориро мақсади ҳақиқӣ ва ниҳоии он ташкил медиҳад. Вай як тазодро таъкид мекунад, ки дар давлатҳои пешрафта нақши ҳукумат асосӣ нест, дар давлатҳои ақибмонда, баракс аст ва агар дар аввалиҳо давлат як дастгоҳи хидматрасони ҷомеа бошад, дар дуввумиҳо ҷомеа дар хидмати давлат қарор дорад.

Нависандаи тоҷик, Адаш Истад, ки ҳанӯз дар охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта, рисолаи пояҳои давлати миллиро навишта буд, мегӯяд: "Давлате ки мехоҳад, ҳамаи риштаҳои ҳаёти шаҳрвандони худро зери назорат дошта бошад, одатан дастгоҳи хеле бузург дорад. Калон будани чунин дастгоҳ сабаби фасоду ришват низ мешавад. Дар давлати демократӣ ҳукумат ғолибан ба назорати иҷрои қонун машғул мешавад ва дар самтҳои дигар вазифаро дар дӯши ниҳодҳои маданӣ мегузорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои бузургдастгоҳ аксаран номуваффақанд ва воқеъиятро ба вуҷуд наоварда, танҳо онро дунбол мекунанд."

Ҳукуматҳои қаламрави шӯравии собиқ дар ҳоли гузариш аз як маънии давлатдорӣ ба маънии дигари онанд ва биноан ислоҳоти идорӣ дар ин кишварҳо зиёд, давра ба давра идома мекунад. Инқилобҳои ранга умедеро ба миён оварда буданд, ки дар Гурҷистон, Укроин ва Қирғизистон ин гузариш суръати бештар гирифта, намунаҳои наверо ба намоиш хоҳад гузошт. Аммо чунин ҳолат ба миён наомад.

Мунаққидони дирӯзаи низоми давлатдорӣ дар ин кишварҳо на танҳо механизмҳои мавҷудаи меросиро ҳифз карданд, балки онҳоро ба хидмат гирифтанд. Чунончи сиёсатшиноси маъруфи Гурҷистон, муаллифи китоби "Демократия ва миллатгароӣ", Гия Нодия мегӯяд: "Аз як сӯ ҳукумати нави мо шадидан ба таблиғи хеш машғул шуд. Вале ҳамин таблиғ ҳам хеле содалавҳона буда, ба зоҳири вазъият тамаркуз дошт, на ба ботини он. Мисли ин ки Шумо беруни биноро тармим ва гулкорӣ мекунед, дарун вайрона мемонад. Ҳукумат ҳамоно савор ба мардуми худ буд, на дар паҳлуи мардуми худ."

Ислоҳоти идорӣ дар Тоҷикистон низ тақрибан ба ҳамин шакл ҷараён мегирад. Ба ақидаи коршиносон, натиҷаҳои он назаррас нестанд. Масалан, як андешае, ки 17 нависандаи тоҷик бо сарварии Адаш Истад дар миён гузошта буд ва низ ба сохтори давлат пайванд дошт, ақаллан, барои таҷриба низ мавриди истифода қарор нагирифт, ҳарчанд ахиран тарафдорони он то рафт бештар мешаванд.

Ин пешниҳоди барҳам додани вилоятҳо дар сохтори идории кишвар буд ва муаллифи асосии он, Адаш Истад мегӯяд: "Ман ҳанӯз ҳам ба ин фикрам, ки дар сохтори идории Тоҷикистон вилоятҳо як зинаи нозаруранд. Гузашта аз ин онҳо зиёноваранд. Барои фаҳмидани ин кофист, ба ёд оварем, ки кӣ ва чаро онҳоро таъсис дод. Ин сохторҳоро Иттиҳоди шӯравӣ таъсис дод, то тавонад, онҳоро ба ҳам муқобил гузорад ва кишварро идора кунад. Бо гузашти айём вилоятҳо сабаби густариши маҳалгароӣ шуданд, ки намунаи барҷастаашро дар давраи интихоботи президентии соли 1991 ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мушоҳида кардем ва имрӯз низ ин фароянд идома дорад."

Ба ҳамин тартиб, тавре ки нависанда ва публитсисти тоҷик Адаш Истад мегӯяд, низоми идорӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди зиёд бар пояи мероси замони шӯравӣ бино ёфта, ниҳодҳои нави он ҳанӯз тақвият наёфтаанд ва ислоҳоти идорӣ дар кишвар нотамом дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG