Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти Марказии кашфи Иёлоти Муттаҳида ё CIA хабари кушта шудани Абӯ Лайт ал-Либӣ, яке аз раҳбарони созмони «ал-Қоъида»-ро тафтиш мекунад.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ал-Либӣ ҳамроҳ бо 12 ошӯбгари дигар ба асари ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави вилояти Вазиристони шимолии Покистон, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, ба ҳалокат расидааст.
Иттилоъ дар бораи ҳалокати Абӯ Лайт ал-Либӣ сараввал аз тариқи сомонаи Ekhlaas.org, сомонаи интернетии наздик ба “ал-Қоъида”, пахш гардид. Дар хабар гуфта мешуд, ки ал-Либӣ, фармондеҳи зодаи Либӣ (Ливия) “ҳамроҳ бо дигар ҷангиён дар қаламрави Покистон ҷоми шаҳодат нӯш кардааст”.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тақрибан нисфи кушташудаҳо арабҳо ва боқимонда аз Осиёи марказӣ буданд. «АssociatedPress» хабар додааст, ки дар ин ҳодиса мусаллаҳони туркман низ кушта шудаанд ва аммо гуфта мешавад, дар ин минтақа асосан ҷангиёни Ҷунбиши исломии Узбакистон мустақаранд.
Дар ҳамин ҳол Ҳомид Навозхон, вазири умури дохилаи Покистон, дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод кушта шудани ал-Либиро рад кардааст. Амир Наҷиб, хабарнигори радиои «Афғонистони Озод», мегӯяд, ки наметавонад тасдиқ кунад, ки миёни ин 12 нафари кушташуда ал-Либӣ буд ё на?
Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки “нишонаҳои хеле равшан”-и кушта шудани ал-Либӣ ба чашм мерасад ва аммо ҷузъиёти бештареро ба ихтиёри хабарнигорон нагузоштаанд.
Нерӯҳои амрикоӣ ва ҳаъйати фармондеҳии эътилофи таҳти фармони НАТО дар Афғонистон дар бораи ин ҳодиса хабаре пахш накардаанд. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, низ аз ташреҳи ҳодиса сарпечӣ кард. Ва ин дар ҳолест, ки бархе коршиносон ҳадс мезананд, куштори ал-Либӣ аз сӯи CIA сурат гирифтааст.
Сокинони маҳаллӣ қабл аз ҳамла дар осмон ҳавопаймои бесарнишини амрикоиро дидаанд, ки сӯи як манзил дар шаҳри Мир Алӣ мушак андохтааст.
Манбаъҳои наздик ба мақомоти Покистон мегӯянд, мушак дар ҳоле инфиҷор кард, ки ал-Либӣ меҳмони манзили як фармондеҳи маҳаллии ҷунбиши «Толибон» дар канори дар ин шаҳр буд.
Хабаргузории «FrancePress» менависад, соҳиби манзил бо фармондеҳи маъруф Байтуллоҳ Масъуд қаробат дорад. Байтуллоҳ Масъуд аз сӯи мақомоти Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар раҳбарии пасипардагии куштори сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли гузашта муттаҳам мешавад.
Абу Лайт ал-Либӣ фарди севум дар раёсати «ал-Қоъида» маҳсуб мешуд ва ӯ масъули равобит бо ҷунбиши «Толибон» буд ва дар наворҳои тарғиботии созмони “ал-Қоъида” зиёд зуҳур мекард. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки ал-Либӣ дар инфиҷори як соли пеш дар пойгоҳи низомии Багром даст дорад. Инфиҷор дар ҳоле рух дода буд, ки Дик Чейнӣ, ноиби раисиҷумҳури ИМА, аз ин пойгоҳ дидор мекард, ва дар пайи он 23 кас ба ҳалокат расиданд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки куштори яке аз раҳбарони Ал-Қоида дар қаламрави Покистон шояд фишори дохилӣ болои раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар арафаи интихоботи порлумонии рӯзи 18 февралро ташдид бубахшад. Мушарраф, собиқ фармондеҳи артиши Покистон ба такрор мегуфт, ки ба ягон амалиёти низомии Амрико дар хоки Покистон иҷоза нахоҳад дод, Ва аммо тибқи хабарҳо, аз ин пеш ҳам CIA ҳавопаймои низомии бидуни сарнишинро барои ҷамъоварии маълумот ва аз байн бурдани ошӯбгарон дар қаламрави Покистон истифода мекард.
XS
SM
MD
LG