Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш мегӯяд, бояд аз Ироқ бешитоб хориҷ шуд


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш мегӯяд, ихроҷи бошитоби неруҳои Амрико аз Ироқ метавонад, беҳбуди амният дар ин кишварро зери хатар бигзорад. Вай афзуд, ҳама гуна тасмим дар мавриди ояндаи ҳузури ҳарбӣ дар Ироқ ба машварати фармондеҳони низомӣ ва шароити мавҷудаи Ироқ бастагӣ хоҳад дошт. Дар суханронияш дар Лас Вегаси Амрико, Буш Ироқро саҳнаи муҳими ҷанги зидди терроризм номид ва афзуд, кишвараш бояд дар он муваффақ гардад. Интизор меравад, ки то моҳи июли имсол аз 20 то 160 000 сарбози амрикоӣ Ироқро тарк хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG