Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ омода шудааст, ки дар ҳолатҳои буҳрони энержӣ ба Тоҷикистон генераторҳо пешниҳод кунад.

Ба гуфтаи ҷаноби М. Ҷонс, ӯ дар ин мулоқот ба раисиҷумҳури Тоҷикистон тасдиқномаи дабири кулли СММ-ро ҷиҳати омодагии дастгирии кишвар дар рушди умумӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ, таслим намуд.
Намояндаи доимии СММ ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи интиқоли генераторҳо ба бемористонҳо ва дигар нуқоти муҳимми иҷтимоъӣ баррасӣ мегарданд. М.Ҷонс ҳамчунин гуфт, ки дар ҳамин робита ӯ аз ҳама сохторҳои СММ дар Тоҷикистон тақозо кардааст, то талаботи манотиқи кишвар ба барқро муайян кунанд.
Ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон ҷаноби Ҷонс изҳор намуд, ки феълан Барномаи Рушди СММ (БРСММ) бо донорҳои дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба масоили маблағгузории нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ кор мебарад. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки ба Тоҷикистон насосҳои бидуни сӯзишвориву барқ барои обёрии заминҳои ҳосили теппаву водиҳо коркунанда оварда шаванд.
Ҳамоҳангсози СММ ҳамчунин
Мутазаккир шуд, ки сохторҳои дар ин кишварбудаи онҳо бо Кумитаи вазъҳои изтирории Тоҷикистон ҷиҳати фалокатҳои табиъии эҳтимолӣ, аз ҷумла селу обхезиҳои баҳорӣ, ҳамкориро идома хоҳанд дод.
М. Ҷонс аз нақшаҳои БРСММ дар доираи мусоидат ба омӯзиши кӯдакону занон, ва сабзонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ҳам иттилоъ дод.
Дар поёни суҳбат Майкл Ҷонс гуфт, ки ба ғайр аз ин ҳама БРСММ нийят дорад, то корхонаҳои ордбарории Тоҷикистон ҷиҳати ба орд ҳамроҳ кардани витаминҳо ҳамкорӣ намояд. «Ҳамчунин мо, албатта, барои бештар шудани вуруди сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати тавсиъаву рушди соҳибкорӣ дар кишвар мусоидат хоҳем кард» - ҷамъбаст намуд ҳамоҳангсози доимии СММ.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG