Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Тоҷиктелеком»: қимати зангҳои содиротӣ - 4 дирам


Ширкати истихборотии «Тоҷиктелеком» ба муштариёни худ имкони дастрасӣ ба зангҳои содиротӣ ба шумораҳои мобилиро ироъа намуд.

Аз ин ба баъд тамосҳои судурии муштариёни «Тоҷиктелеком» ба шумораҳои танзимгарони дигари алоқаи Тоҷикистон бидуни пешниҳоди мувофиқати иловагӣ имконпазир мегарданд.
Дар ин бора сардори идораи пешбинӣ ва таҳлили ширкати «Тоҷиктелеком» Маъмур Қайрахонов хабар дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ширкати онҳо маҳдудиятҳоро дар ин робита лағв намуда, ба муштариёни худ барои ба танзимгарони дигари алоқа ва телефонҳои мобилии бо шумораҳои 600, 441, 701 ва ғайра шурӯъшаванда занг содир кардан иҷозат дод. «Ба тавофуқномаи пешниҳоди чунин хидмат имзо намудан акнун тамоман лозим нест ва дақиқаи тамоси содиршавандаи телефонӣ барои муштариёни мо 4 дирам бо назардошти молиёт ба арзиши изофӣ (тамоси як дақиқаӣ дар дохили шабака – 2 дирам) хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки дар охири соли гузашта «Тоҷиктелеком» дар ин робита таъруфаҳои навро таъйин намуд ва аз 1-уми декабри соли 2007 қимати тамоси якдақиқаии содиротӣ 16,5 дирам (4,7 сент)-ро ташкил кард.
XS
SM
MD
LG