Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш дар бозорҳои пуродами Бағдод


Таркишҳо дар ду бозори пуриздиҳоми Бағдод имрӯз 64 кушта ва беш аз 100 захмӣ ба ҷой гузошт. Як бомб дар молбозори машҳури Ғазл дар маркази пойтахти Ироқ 46 нафарро кушта, 80 нафарро маҷрӯҳ кард. Полис мегӯяд, ибтидо гуфт, бомб дар зери пештахтаи коргузорӣ шуда буд, вале дертар иттилоъ дод, ки зане дар ин бозор худро мунфаҷир кардааст. Бозори Ғазл бори дувум аст, ҳадафи чунин ҳамла қарор мегирад. Дере нагузашта як бомби дигар дар бозори паранда дар ҷанубушарқи Бағдод таркида 18 нафарро кушт ва 25 танро захмӣ кард.
XS
SM
MD
LG