Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бадахшон: соҳибкорон ва андозҳои гарон


Соҳибкорони бадахшӣ аксаран ба савдо машғуланд

Соҳибкорони бадахшӣ аксаран ба савдо машғуланд

Масъулини идораи андози Бадахшон зимни як нома ба мақомоти вилоят бархе аз намудҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро, ки барои соли 2008 муқаррар шудааст, иҷронашаванда номидаанд.

Ба гуфтаи масъулини идораи андози вилоят, ҳамнгоми омодасозии тарҳи андозбандӣ имкониятҳои воқеии минтақа сарфи назар шудаанд. Мудири шуъбаи хизматрасонӣ ва андозситонӣ аз шахсони ҳуқуқии идораи андози вилотӣ Барзу Оромбеков иброз дошт, ки фалаҷии корхонаҳои саноатӣ, дурафтодагии минтақа ва харобии роҳҳои ҳамлунақлӣ ба натоиҷи фаъолиятҳои истеҳсолӣ ва дар маҷмуъ ба иҷрои қисми даромади буҷаи вилоят таъсири манфӣ мегузорад.

Вай гуфт, мушкилоти асосӣ дар иҷрои пардохти андози ягона ба вуҷуд омадааст, зеро зиёда аз 93 ҳазор замини ғайрикорам, ки одатан аз ҷарӣ ва сангзорҳо иборатанд, андозбандӣ шудаанд ва онҳо акнун маҷбуранд, ки зиёда аз 75 ҳазор сомониро аз ҷайби хоҷагиҳои деҳқонӣ ситонанд.

Сардори хоҷагии деҳқонии Суғчарв Гев Алиназаров гуфт, дар ҳудуди вилоят заминҳои кораме, ки вуҷуд доранд, дар фасли зимистон аз тармаву сел зарар мебинанд ва заминҳои лаби дарё дар фасли тобистон аз баландшавии сатҳи дарё зери об мемонанд. Агар ҳолати заминҳои корам чунин ҳол дошта бошанд, пас дар бораи заминҳои ғайрикорам ҳоҷати гап ҳам нест. Онҳо ҳама сангзору селроҳаанд ва дар онҳо кор карда намешавад.

Аммо мақомоти вилояти Бадахшон мақомоти андози вилоятро бо он муттаҳам мекунад, ки онҳо имконоти пардохти андоз аз ашхоси воқеиро дар бозори шаҳри Хоруғ пурра истифода накардаанд. Аммо мудири шуъбаи идораи андози вилоят мегуяд, он шахсоне, ки дар ҳудуди шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, 90 дарсад пурра андозбандӣ карда шудаанд ва андозбандӣ намудани ин ашхос дар асоси патент дуюмбора мумкин нест. Аксарияти онҳо аз тариқи патент фаъолият мекунанд ва аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда, ки дар асоси қарори ҳукумат пешбинӣ шудааст, андоз месупоранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 1 ҳазору 30 нафар аз тариқи патент ва 250 нафар аз тариқи шаҳодатнома фаъолият доранд. Умуман дар ҳудуди вилоят 2 ҳазору 266 соҳибкор бо патент ва 881 нафари дигар аз тариқи шаҳодатнома кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти вилоят мехоҳанд, ки имсол қисми даромади буҷаро аз 15 ба 21 дарсад расонад, аммо коршиносони бахши иқтисодӣ дар минтақа бекоршавии корхонаҳои истеҳсолӣ ва бе дарназардошти имконоти воқеӣ боло бурдани қисми даромади буҷаро боз як қадаи дигар ба сӯи фақр ва баландшавии нарху наво дар бозорҳои Бадахшон арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG