Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили истифодаи интернет дар Африқову Осиё


Вазири мухобирот ва технологияҳои иттилоотии Миср Ториқ Комил мегӯяд, дар ин кишвар дар давоми 24 соати наздик тақрибан 80 дар сади шабакаи иттилоотии интернет барқарор мешавад. Ба қавли вазир феълан 45 дар сади муштариёни интернет аз хадамоти шабакаи иттилоотӣ истифода мебаранд.
Комил илова мекунад, ки сабаби қатъи кабели бистари баҳри Миёназамин вақте ташхис хоҳад шуд, ки гурӯҳи таъмиркунанда ва таҷҳизот ба макони ҳодиса расида, симҳоро аз назар гузаронанд.
Қатъи кабели бистари баҳр муштариёни Миср, кишварҳои нимҷазираи араб ва Ҳиндустонро аз истифодаи интернет маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG