Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвазири Монтенегро ба истеъфо рафт


Сарвазири Монтенегро ё Черногория, Зелико Стуранович имрӯз ба истеъфо рафт. Гуфта мешавад, вай бо сабаби вазъи сиҳатияш ин иқдомро дар пеш гирифт ва бо ин роҳро ба бозгашти сарвазири собиқ Мило Дюканович ба сари қудрат боз намуд. Стуранович, ки соли гузашта аз саратони шуши ӯ хабар дода шуд, дар номааш ба порлумони Монтенегро навишт, "пизишкон ба ӯ машварат додаанд, фаъолияти кории худро ҷиддан коҳиш диҳад." Намояндаи ҳизби ҳокими Демократҳои Сотсиалисти Монтенегро гуфт, салоҳиятҳои сарвазирро Дюканович ба зимма мегирад, ки дар солҳои 1996 то 2006 гоҳе президент ва гоҳе сарвазири кишвар буда, ду сол пеш мамлакаташро ба истиқлолият расонд.
XS
SM
MD
LG