Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи додгоҳро ба Райҳона кӣ нишон дод?


«Миллат» дар бастагӣ ба тағйироти ахири кадрии ҳайати ҳукумати Тоҷикистон навиштааст: «2+2=4. Аз иваз шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили он тағйир намеёбад». Ба навиштаи нашрия, раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд фаъолияти ҳукумати худ дар 15 соли ахирро ба боди танқид кашид ва тақрибан дар ҳайати раҳбарии 20 мақоми ҳукумат тағйирот ворид кард, аммо ин иқдоми ӯ як усули ҷойивазкунии мансабдорони собиқ ва ё ба қавле «рокировка» будааст.

Ва нашрия ба қавл аз суханони раис ҷумҳур, ки гуфтааст, кадрҳои сарсупурдаву сазовори миллат дар манотиқи мухталифи кишвар ҳастанд, вале мушкили ҳукумат аст, ки онҳоро то кунун нашинохта.

«Миллат» ҳамчунин таърихи кушта шудани Рустами Абдураҳим, яке аз саркардагони Фронти халқӣ ва раиси созмони Ошкоро дар соли 1992-ро аз забони шоҳидони ҳол қисса карда ва ҳамчунин дар робита ба мавқеъхоҳии Русияву Амрико дар минтақаи Осиёи марказӣ матлабе ҳам дорад.

Ҳафтаномаи «Фараж» тағийроти ахири мақоми мансабдорон дар ҳукумати Тоҷикистонро «Дилзанак-2008» унвон кардааст. Нашрия навиштааст, гумони аксарият, ки ҳукумати Тоҷикистон пас аз интизориҳои зиёд дар ин ҷаласаи ҳукумат сарвазири нави худро интихоб мекунад, ботил баромад ва ҳатто Оқил Оқилов, сарвазири кунунӣ дар ин ҷаласа ширкат надошт.

Аммо сармақолаи «Фараж» анҷоми баҳси додгоҳии хабарнигорони собиқи нашрияи «Овоза» бо як сарояндаи тоҷик аст. Нашрия аз анҷоми ин баҳс бо расидан бар сари мувофиқа ва оштӣ хабар дода, асли сар задани қазия ва таҳрики Райҳона Раҳимова, сарояндаи тоҷик дар мавриди ба додгоҳ кашидани хабарнигорони «Овоза»-ро ба дӯши раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон Акбари Саттор гузоштааст.

Нашрияи «Азия плюс» бо нашри гузориши муфассал аз тағйирот дар ҳайати мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон ва маълумот дар бораи бархе аз раҳбарони мақомоти калидии ҳукумат, ҳамзамон, ба мавзӯи буҳрони эҳтимолии энержӣ дар Тоҷикистон баргаштааст. Ҳафтанома ба қавл аз мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» бонги хатар задааст, ки захираи нерӯи барқи Тоҷикистон то ба рӯзҳои ба шумор кифоят хоҳад кард.

Ва дар зимн пурсишномае анҷом додааст, ки муқассири бӯҳрони энержии ахир дар Тоҷикистон кист. 42 дарсади пурсидашудагон дар ин бӯҳрон кишварҳои ҳамсоя, 31 дарсад раҳбари ширкати «Барқи тоҷик», 22 дарсад вазири энержии кишвар ва 4 дарсад раҳбарияти «Тоҷикгаз»-ро муқассир донистаанд.

«Вечерний Душанбе» низ аз идомаи буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон ва ҳамзамон аз эътирози мардуми ранҷур аз бебарқӣ дар назди ҳукматҳои маҳаллӣ хабар додааст. Ва навиштаст, ки Тоҷикистон барои дарёфти роҳи наҷот аз ин бӯҳрон ба кӯмаки Қиғизистон ва Туркманистон умед мебандад.

XS
SM
MD
LG