Пайвандҳои дастрасӣ

HRW: "Бозиҳои демократӣ мардумро беҳуқуқ мекунад."


Муқоваи гузориши HRW.

Муқоваи гузориши HRW.

Шогирдони мактаби демократия ба устодӣ расиданд, аммо на дар эҷоди ҷомеъаи мардумсолор, балки дар ҳунаре ба номи "демократиямаъобӣ", ки созмони Дидбони ҳуқуқи башар онро ошкоро "маскарад" ё "масхарабозӣ" меномад.

Дар гузориши нави Human Rights Watch (HRW) гуфта мешавад, ин раҳбарони худкома донистаанд, ки як чиз -- интихобот, қатъи назар аз онки то куҷо тақаллубист, кофӣ мебошад, то ҳукумати онҳо қонунӣ ва низомашон демократӣ унвон шавад. Шигифтии созмони ҳуқуқи башар дар ин аст, ки давлатҳои пешрафтаи демократии Ғарб ба ҳайси тамошогари боодоб худро тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё ҳақиқат барояшон маълум нест.

Рид Бродӣ, намояндаи HRW мегӯяд, ин бозии муштарак асли ҳуқуқи инсонро дар ҷаҳон бо хатар рӯбарӯ мекунад: "Ғарб -- Иёлоти Муттаҳида ва бавижа Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳо иҷоза медиҳанд, бо роҳи оддии баргузории овоздиҳиҳо эътиборномаи кишвари демократиро соҳиб гарданд. Ва мебинем, ки барои худкомагон пуфу дам кардани як демократияи шармсор ҳарчи осонтар мешавад, зеро давлатҳои ғарб ба интихобот пойфишорӣ мекунанду бас. Онҳо ба чизҳои дигаре, ки демократияро амалӣ мекунанд, монанди матбуъоти озод, озодии таҷаммӯъ, ҷомеаи сафарбар ва мутталеъи маданӣ, ки воқеъан бо ҳукумат дар чолиш бошад, эътино намекунанд."

Сабабҳои чунин ҳолатро созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар он мебинад, ки ҳукуматҳои ғарбӣ гоҳе бархӯрди тиҷоратӣ доранд, гоҳе мегӯянд, "ҳарчӣ бошад, бошаду аз бад бадтар нашавад" ва гоҳи дигар ҳампаймонӣ дар ҷанги зидди террори таҳти сарварии Амрико нақш мебозад.

Натиҷа ин мешавад, ки худкомагон ин бозиро идома медиҳанд ва бештар мекунанд. Рид Бродӣ, намояндаи HRW меафзояд, нуқтаи назари нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла САҲА низ дар ин авохир барои кишварҳои Ғарб дастури муайяне намедиҳад. Дар чунин авзоъ, тибқи гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, даъватҳо ба бунёди ҷомеъаҳои демократӣ барои мухотабон бемаънӣ ва барои мардумони ин кишварҳо хандадор мешаванд.

Бродӣ инчунин ба "меъёрҳои дугона" ишора мекунад, ки фаразан айни як вазъият дар Кубову Сурия аз як сӯ ва Мисру Саъудия аз сӯи дигар барои Вошингтон ба тарзи мухталиф арзишёбӣ мешавад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин созмони Дидбони ҳуқуқи башар вазъро комилан навмедкунанда намедонад. Худи инки раҳбарони худхоҳ аҳамияти эътиборномаи ҳарчанд холию зоҳирии демократиро дарк мекунанд, аз тарафи созмон шӯълаи умед шумурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG