Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изтироб аз фалокати башарӣ дар Афғонистон


Бунгоҳи байнулмилалии мададрасони Оксфам ҳушдор дод, ки агар кишварҳои Ғарб бархӯрди худро ба мушкилоти Афғонистон тағйир надиҳанд, ин кишвар ба як бӯҳрони башарӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар изҳороте ба номи сарвазири Бритониё, Гордон Броун, ин гурӯҳ гуфтааст, ноамниҳои афзоянда дар Афғонистон монеъи беҳбуди зиндагии мардум гашта, фақр афғонҳоро ба оғӯши маводи мухаддир, ҷинояткорӣ ва дастаҳои мусаллаҳ тела медиҳад. Оксфам мегӯяд, амалиёти низомӣ дар Афғонистон на ба бунёди ин мушкилот, балки пайомадҳои он нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG