Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷулианӣ аз мубориза даст кашид


Рудолф Ҷулианӣ ногаҳонӣ аз муборизаи интихоботӣ даст кашид

Рудолф Ҷулианӣ ногаҳонӣ аз муборизаи интихоботӣ даст кашид

Рудолф Ҷулианӣ, мири собиқи шаҳри Ню-Йорк аз сабқат барои дарёфти мақоми раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даст кашид.

Ӯ, ки ҳанӯз то оғози сабқат яке аз довталабони аслии курсии президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон маҳсуб мешуд, баъд аз бохт дар “интихоботча”-и Каролинаи Ҷанубӣ дар мавриди канор рафтан аз мубориза тасмим гирифт ва эълом дошт, ки аз дигар номзади ҳизб - сенатор Ҷон Маккейн пуштибонӣ хоҳад кард.

Аз ин пеш Ҷон Эдвардс, довталаби курсии раёсати ҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ низ дар мавриди қатъи мубориза барои Кохи Сафед тасмим гирифта буд. Баъди канор рафтани Ҷон Эдвардс аз сабқат акнун барои номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳур шудан танҳо ду нафар - Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама талош хоҳанд кард.

Ҷон Эдварс дар бораи он ки бо кадом сабабҳо аз идомаи мубориза даст кашидааст, чизе нагуфт ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки далели аслӣ он аст, ки ӯ дар ягон сабқати ҳизбӣ дар аёлатҳо пирӯз нашуд – на дар Айова, на дар Ню-Ҳампшир, на дар Невада ва на Каролинаи ҷанубӣ.

Коршиносон мегӯянд, айни ҳол сӯи кадом номзад майл кардани ҷонибдорони Ҷон Эдварс рушан нест. Ҳарчанд, тибқи назархоҳиҳо, Ҳилларӣ Клинтон назар ба Барак Обама барои сӯи худ ҷалб кардани ҷонибдорони Эдвардс шонсҳои бештар дорад.

Ҷон Эдварс, сенатор аз аёлати Каролинаи Ҷанубӣ буд ва дар барномаи интихоботияш бештар ба кумаку пуштибонии ҳукумат ба афроди фақиру ниёзманд таъкид мекард.

Рудолф Ҷулианӣ ва Ҷон Эдварс як ҳафта қабл аз, ба истилоҳ, “сешанбеи бузург” дар бораи канор рафтан аз мубориза барои курсии раисҷумҳур тасмим гирифтанд. Рӯзи 5 феврал интихоботи муқаддамотии номзадҳо ба курсии раисҷумҳур аз Ҳизби демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон якбора дар 20 аёлат сурат мегирад ва баъди он посух ба суоли “Демократҳо ва Ҷумҳурихоҳон киҳоро ба мақоми раисҷумҳур пешбарӣ мекунанд?” рушантар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG