Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: ҳабси ҷосуси Узбакистон


Додгоҳи вилояти Суғд як сокини ин вилоят бо номи Аҳмад Раҳмоновро бо ҷурми ҷосусӣ бар нафъи давлати Узбакистон ва хиёнат ба ватани худ ба 18 соли зиндон маҳкум намуд.

Амирхон Исҳоқов, додраси додгоҳи Суғд ва раиси мурофиаи ин парванда гуфт, додгоҳ Аҳмад Раҳмонов – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз рӯи бандҳои асноди ҷиноии Тоҷикистон: барои хиёнат ба ватан, таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, марзшиканӣ ва авбошӣ гунаҳкор донист.

Мурофиаи парвандаи Аҳмад Раҳмонов дар додгоҳи Суғд паси дарҳои баста сурат гирифт ва раиси мурофиа аз додани маълумоти бештар дар бораи аъмоли маҳкумшуда худдорӣ кард.

Аммо ба гуфтаи Дилафрӯз Ортиқов, ҳамсари Аҳмад Раҳмонов, вай ҳукми додгоҳро нисбаташ ноодилона хондааст. Дилафрӯз афзуд, додгоҳ аз он рӯ ин ҳама ҷурми сангинро бар дӯши шавҳараш таҳмил кард, ки ӯро беасос як узви дастаи сарҳанги ошӯбгари тоҷик – Маҳмуд Худойбердиев хонд. Зимнан, Дилафрӯзи сӣ сола бо ду кӯдаки ширхорааш дар бағал дар додгоҳи Суғд ҳозир буд.

Ба гуфтаи хонум Дилафрӯз, шавҳарашАҳмад Раҳмонов дар соли 2001, баъд аз се соли ҳамлаи полковники ошӯбгари тоҷик – Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд афроди номаълум аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳи фиреб ду маротиба ба вилояти Бекободи Узбакистон, ба қароргоҳи размандаҳои Маҳмуд Худойбердиев бурдаанд. Дар он ҷо бо зӯрӣ ва лату кӯб аз ӯ забонхат мегиранд, ки бо размандаҳои Маҳмуд Худойберидев ҳамкорӣ ва сокинони Суғдро бо он ҷалб намояд.

Аммо, меафзояд Дилафрӯз, шавҳараш Аҳмад Раҳмонов ин гуна ҳамкорӣ ба размандаҳои Маҳмуд Худойбердиевро радъ кард ва ба Суғд баргашт. Сипас дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ барои мардикорӣ ба Русия рафт.

Боздошти Аҳмад Раҳмонов, ба гуфтаи ҳамсараш, дар моҳи сентябри соли 2007 дар зодгоҳаш – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби кормандони мақомоти амниятиву интизомии Суғд сурат гирифтааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар қаламрави Узбакистон пойгоҳҳои низомии Маҳмуд Худойбердиев, полковники ошӯбгари тоҷик то ба имрӯз вуҷуд дорад ва фаъолият мебарад.

Аз замони ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд то ба имрӯз наздики дусад нафар бо ҷурми мансубият ба дастаи вай дар Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG