Пайвандҳои дастрасӣ

Ситораи поп Мадонна сарватмандтарин сароянда миёни занон дар ҷаҳон будааст. Исми Мадонна дар феҳраси сарватмандатрин сарояндазанони ҷаҳонро, ки маҷаллаи Форбс тартиб додааст, дар ҷои якум омадааст.

Форбс барои нахустин бор чунин як феҳрасе тартиб додааст. Бино бар ҳисобу китоби Форбс, Мадоннаи 49-сола дар замони миёни июни 2006 то июни 2007 ҳафтоду ду миллион доллари амрикоӣ даромад кардааст.

Қисмати аслии ин маблағро ба ҳисоби бонкии Мадонна консертҳои Confessions-и ӯ ворид кардааст. Дар маҷмӯъ, ин силсилаконсертҳо ба Мадонна 260 миллион доллар даромад овардааст, ин ҳам рекорди дигаре дар олами суруд будааст.

Баргардем ба феҳраси Форбс. Ду мавқеъи пас аз Мадоннаро Барбара Стрейзанд ва Селин Дино гирифтаанд.

Хонум Стрейзанд бо 65 соли худ мӯсинтарини феҳрас мебошад. Ӯ дар як сол ба маблағи 60 миллион доллар сарватмандтар шудааст.

Селин Дион, муаллифи суруди машҳури Титаник аз консертҳои худ дар Вегас 45 миллион доллар дарёфтааст.


Феҳрас ба ин тариқа аст:

1. Madonna - $72m

2. Barbra Streisand - $60m

3. Celine Dion - $45m

4. Shakira - $38m

5. Beyonce - £27m

6.Gwen Stefani - $26m

7.Christina Aguilera - $20m

8. Faith Hill - $19m

9. Dixie Chicks - $18m

10. Mariah Carey - $13m


Ҷойҳои баъдиро соҳибҷоизаи Грэмӣ Шокира ва Бейонс, собиқ узви гурӯҳи Дестинӣ Чайлд гирифтаанд. Гвен Стефанӣ, ки ҳамчунин, ширкати истеҳсолкунандаи либос ва атриёт дорад, дар ҷои шашум ва баъд аз ӯ Кристина Агилера мебошанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG