Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо шаффофият мехоҳад


Раҳбарони муҳимтарин кишварҳои иқтисодии Аврупо дар мулоқоти худ дар Лондон аз ниҳодҳои молӣ даъват карданд, ки фаъолияти бозорҳои ҷаҳонӣ шаффоф бошад.

Гордон Браун - нахуствазири Бритониё ва мизбони мулоқот бо Никола Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса, Ангела Меркел -нахуствазири Олмон, Романо Продӣ - нахуствазири Итолиё якҷо бо Хосе Мануэл Бароссо - раиси Кумиссюни Аврупо тазалзули иқтисоди ҷаҳониро баррасӣ карданд. Онҳо ҳамчунин дар ин мулоқот аз Сандуқи байналмиллалии пул ва соири ниҳодҳои молии ҷаҳон хостанд, ки бар ҷараёноти ахир дар ин замина назорат кунанд. Никола Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса даъват кард, ки дар системи молии ҷаҳон шафофият беҳбуд ёбад:

"Он чӣ мо мехоҳем, беҳбуди шаффофият дар системи молии ҷаҳон, системи молии Аврупо ва кишварҳост. Мо наметавонем бо ин омил мувофиқат кунем, ки набуди шаффофият ҷараёни рушдро ба хатар ру ба ру мекунад, ҷараёни рушдеро, ки заминаи эҷоди ҷойҳои кориро барои шаҳрвандони мо ба вуҷуд меорад".

Бонкҳои ҷаҳонӣ гузориш додаанд, ки баъд аз сармоягузориҳои изофии Амрико дар иқтисоди кишвараш ин бонкҳо маблағҳои ҳангуфти худро аз даст додаанд. Гордон Браун гуфт, оҷонсиҳои зидахл бояд имконоти додани қарзҳоро биомузанд ва назоратро бештар кунанд. Хонум Меркел гуфт, бояд бозорҳои молии ҷаҳон шаффоф ва амн бошанд ва шаҳрвандон ба он бовар кунанд. Ба гуфтаи вай, ба унвони қадами нахуст фаъолияти бозигарони ин бозор бояд шаффоф бошад:

"Иқдоми нахуст, ки мо ба он зарурат дорем, он аст, ки ширкаткунандагони бозор бояд шаффофияти бештар нишон диҳанд. Паёми муҳим ин аст, ки агар чунин нашавад, дар он сурат мо тадобири танзимкунанда иттихоз хоҳем кард".

Дар мулоқоти Лондон раҳбарони Аврупо бо ишора ба ниҳодҳои молӣ изҳор доштанд, ки онҳо дар чунин ҳолатҳо сари вақт тадобири зарурӣ намеандешанд ва ё бо назардошти чунин буҳронҳои молӣ қонуну қоидаҳои муносиб муаррифӣ намекунанд, то вазъ дар бозоҳои ҷаҳонӣ беҳбуд ёбад. Гордон Браун -нахуствазири Бритониё гуфт, Сандуқи байналмиллалии пул метавонист дар ин замина барои таъмини суботи вазъи молӣ дар ҷаҳон ҳамкориашро бештар мекард ва аз имкони буҳрони молӣ хабар медод, то чунин вазъ ба вуҷуд наояд.

Бритониё, ки аз пули миллии худ, яъне фунт стерлинг истифода мекунад, дар баробари ин буҳрони пешомадаи молӣ ниҳодҳои нозири худро фаъол сохтааст, то онҳо бар ҷараёни сиёсатҳои молӣ, мизони баҳра, таваррум ва суботи иқтисодӣ назорат кунанд. Дар 15 кишвари дигари аврупоӣ, ки ба қаламрави воҳиди ягонаи пулӣ, яъне Евро дохил мешаванд, мизони баҳраи худро доранд ва Бонки марказии Аврупо дар Фронкфурти Олмон арзиши баробарии он бо пулҳои дигарро таъйин мекунад. Басуръат боло рафтани арзиши евро дар баробари доллар дар Фаронсаву Испониё ва Итолиё нороҳатиҳо ба бор овардааст, зеро ин кишварҳо аз содироти моли худ зарар дидаанд. Олмон дар содироти худ зарар надидааст, вале аз Бонки марказии Аврупо дар Фронкфурт дархост кардааст, ки арзиши қавиии евроро нигаҳ дорад.

XS
SM
MD
LG