Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сармо бозорҳоро холӣ ва нархҳоро гарон кард


Сармои шадиди моҳи ахир ба маҳсулоти воҳидҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои мардуми водии Рашт хисороти зиёде ворид кардааст.

Ва дар ҳоле, ки бахшҳои кишоварзии минтақа аз ҳаҷми хисорот омори дақиқ дар даст надоштаанд, бисёре аз кишоварзон ин зарарро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, хунукии бесобиқаи ҳафтаи ахир, ки ба 28-30 дараҷаи зери сифр қарор гирифта буд, дастранҷ ва заҳамоти яксолаи онҳоро барбод дод. Абдулмаҷиди Даврон, сокини деҳаи Зрангаки Рашт мегӯяд, картошкаи барои тухмӣ ва бозор таҳия кардааш сармо хӯрдааст.

Ҳамзамон, ба гуфтаи тоҷирони бозори шаҳраки Ғарм сардиҳои ҳафтаи ахир боис ба болоравии қимати маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор гаштааст. Ҳабибулло Абдуҷабборов, як нафар тоҷиро якуним тонна сабзии харидааш саропо сармо задааст.

Дар ҳамин ҳол, сармои бесобиқа ва зарари расида ба дастранҷи кишоварзон ба гуфтаи сокинони минтақа содироти меваҷоти Раштро ба бозорҳои Душанбею Қурғонтеппа низ коҳиш додааст. Зеро, пас аз андаке сармо задан, интиқоли мева аз ҷое ба ҷои дигаре имконнопазир мегардад.

Водии Рашт дар замони Шӯравӣ дар баробари бозорҳои Тоҷикистон соири бозорҳои Осиёи Марказиро бо меваҷот таъмин мекард. Аммо тавлидоти меваҷот дар қиёс бо он солҳо ба маротиб коҳиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG