Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби шеваи нави сармоягузорӣ дар кишоварзӣ


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар иҷоза дод, 100 миллион сомонии буҷа ба рушди кишоварзӣ равона шавад.

Бо назарадошти вазъи феълии таъмини молии кишоварзии Тоҷикистон ва афзоиши нархи маводи озуқа вакилони маҷлис ин тасмимро пуштибонӣ карданд.

Вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ин сармоя ба воситаи бонкҳо ба хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. Вай афзуд шохиси баҳраи ин қарзҳо 12%-ро ташкил хоҳад дод. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, онҳое ки аз ин сармоя истифода мекунанд, қарор аст, ними онро то охири ҳамин сол ба хазинаи давлат баргардонанд. Қисмати боқимондаи қарз дар моҳи апрели соли оянда пардохт хоҳад шуд.

Кишоварзони Тоҷикистон зимни "бозиҳо"-и молиявии спонсор ва сармоягузоронашон ба вартаи шикаст наздик шудаанд ва тавони бозгардони қарзҳои рӯзафзунро надоранд. Аз ин ру ҳукумат формули нави сармоягузории кишоварзиро матраҳ мекунад, ки гирифтани вом аз бонкҳо ба воситаи дар гарав гузоштани замин аст.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ин барнома сабаби аз дасти деҳқон рабуда шудани замин ва дар дасти чанд молик гирд омадани он мешавад.
XS
SM
MD
LG