Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси афзоиши ҳузури ҳарбӣ дар Афғонистон


Нерӯҳои низомии конодоӣ дар Кандаҳор

Нерӯҳои низомии конодоӣ дар Кандаҳор

Вазорати дифоъи Амрико болои дигар кишварҳои узви НАТО фишор меоварад, то онҳо низ ба Афғонистон нерӯҳои иловагии низомӣ фиристанд.

Ин изҳороти Пентагон дар посух ба гуфтаҳои нахуствазири Канада Стефан Ҳарпер садо дод, ки эълом намуд, кишвараш будубоши нерӯҳои мустақар дар Афғонистонро фақат дар ҳоле тамдид мекунад, агар дигар кишварҳо низ низомиёни худро ба манотиқи шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон интиқол диҳанд. Дар акси ҳол, ҳушдор додааст сарвазири Канада, 2500 сарбозаи кишвар то авоили соли 2009 аз Афғонистон фаро хонда мешаванд.
Нерӯҳои Канада феълан дар Қандаҳор, яке аз нооромтарин манотиқи Афғонистон, мустақаранд ва таййи солҳои ахир дар Афғонистон 77 низомии конодоӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳамин ҳол дар изҳороти Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омадааст, ки ҳарчанд он барои нерӯҳои изофии дигар кишварҳои узви НАТО пофишорӣ мекунад, худи Амрико ба Афғонистон ба таври илова фақат 3200 афсару сарбозашро интиқол хоҳад дод.
Сухангӯи вазорати дифоъи Амрико Геоф Моррел дар ҳузури хабарнигорон изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои ҳампаймони ИМА кӯшишҳои бештаре ба харҷ дода барои идомаи мубориза бо терроризм нерӯи иловагӣ пайдо хоҳанд кард.
Феълан дастикам 30 000 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон мустақаранд ва Кохи сафед дар авоили моҳи ҷорӣ тасмим гирифта буд боз 3 200 низомиашро ба ин кишвар эъзом кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Афғонистон мегӯянд, бояд барои он талош кард, ки артиши кишвар тавони таъмини амнияти сарзаминашро дошта бошад.
Дирӯз вазири дифоъи Афғонистон Абдурраҳими Вардак зимни суханрониаш дар нишасти муштараки матбуъотӣ бо ҳамтои олмониаш Франс Ёзеф Франк дар Кобул аз ҷумла гуфт: “Барои истиқрори субот ва амнитяи пойдор дар Афғонистон танҳо як роҳ вуҷуд дорад. Мардуми кишварро бояд ёд дод, ки тавони муқобилат ба таҳдидҳои хориҷиву дохилиро дошта бошанд. Мо аз ҳамаи дӯстон ва ҳампаймонҳоямон ва ба хусус аз дӯстонамон ба монанди Олмон интизор дорем, ки барои идомаи тамрини артиши миллии Афғонистон ва нерӯҳои амниятӣ дар оянда низ ба мо кумак мерасонанд ва ин барномаҳоро тавсиъа мебахшанд”.
Дар ҳоли ҳозир тақрибан 40 000 афсару сарбози кишварҳои узви паймони НАТО дар Афғонистон мустақаранд, ки бештари онҳо амрикоиянд. Пентагон борҳо ба он ишора мекард, ки саҳми аъзои аврупоии НАТО дар амалиёти зидди террористи дар Афғонистон нокофӣ аст ва сатҳи омодагии ин сарбозон низ ҷавобгӯи талабот нест.
XS
SM
MD
LG