Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои хатми хушунат дар Кения


Кофи Аннон, собиқ Дабири Кулли Созмони Милали муттаҳид дирӯз бо раҳбарони ду ҷабҳаи мухолифи Кения мулоқот доир кард, то онҳоро барои бурун рафтан аз бӯҳрони феълӣ мутмаин созад. Ба гуфтаи ӯ, фақат аз тариқи миёнҷигарӣ барои музокирот миёни раисиҷумҳур Кибакӣ ва раҳбари мухолифин Одинга метавон ба ҳалли сиёсии ин қазия муваффақ шуд. Дар ҳамин ҳол Кондализа Райс, Котиби давлатии Амрико дар робита ба қазияи Кения гуфт, ки "мардуми Кения ба натоиҷи интихобот эътимод надоранд ва аз ин рӯ созиши сиёсӣ миёни довталаби курсии президентӣ аз мухолифин ва раисиҷумҳур зарур аст".


Дирӯз бар асари даргириҳои қавмӣ дар Кения дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Задухурдҳо баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 27 декабри соли гузашта шурӯъ шуданд. Мухолифин мегӯянд, ки мақомот зимни эълони барандаи интихобот даст ба тақаллуб задаанд. Даргириҳо, ки беш аз як моҳ боз идома доранд, мунҷар ба ҳалокати беш аз 850 нафар шудаанд.

XS
SM
MD
LG