Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон болои ҳампаймонҳояш фишор оварданист


Иёлоти Муттаҳида болои ҳампаймонҳояш аз дигар кишварҳои узви НАТО фишор меоварад, то ки онҳо ба Афғонистон неруҳои иловагӣ интиқол диҳанд. Дар ин бора сухангӯи Пентагон Ҷеф Морел хабар дод. Ҳамзамон ӯ гуфт, худи Иёлоти Муттаҳида ба ин минтақаи доғ боз 3200 сарбоз мефиристад.

Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 30 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд. Дирӯз мақомоти Канада иброз доштанд, будубоши неруҳои худ дар Афғонистонро фақат дар ҳоле тамдид мекунад, ки дигар кишварҳои узви НАТО ҳам низомиёнашонро ба манотиқи доғи Афғонистон бифиристанд.

XS
SM
MD
LG