Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

МакКейн ва Клинтон дар Флорида пирӯз шуданд


Дар ёлати Флорида интихоботи муқаддамотии номзадҳо аз Ҳизби Демократ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон барои дарёфти имкони ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико баргузор шуд. Аз Ҳизби демократ дар ин сабқат хонум Ҳилларӣ Клинтон пирӯз гардид. Миёни номзадҳои ҷумҳурихоҳон сенатор Ҷон Маккейн ба дарёфти 36 дар сади раӣъйҳо муваффақ шуд. Рақиби аслии ӯ Мит Ромнӣ 32 дар сад раъйҳоро ба даст овардааст.

Барандаи интихоботчаи Флорида аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар анҷумани умумиҳизбӣ аз пуштибонии 57 вакили ин аёлат бархурдор хоҳад шуд. Ва аммо бо сабаби ихтилофи дохилиҳизбӣ дар анҷумани Ҳизби демократ номзадҳо аз ин аёлат ширкат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG