Пайвандҳои дастрасӣ

Буш эътимоди амрикоиҳоро аз даст медиҳад


Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико

Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико

Баъд аз шунидани охирин паёми солонаи Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, марҳалаи кунунии раёсати ҷумҳурии вайро бо нахустин соли фаъолияташ дар январи соли 2001 қиёс кардаанд.

Таҳлилкунандагон мегуянд, ҳоло буҳрони исқтисодӣ, боло рафтани нархи нафт, камбуди сармояи буҷа, ҷанг дар Ироқ, нооромиҳо дар Афғонистон, муноқишаҳои лафзӣ бо Эрон, мубориза бо терроризми байнулмиллалӣ ва амсоли он, аз масъалаҳоест, ки дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш ба унвони масоили умда мартаҳ шудааст.

Стефан Вейн, таҳлилгар ва донишманд аз донишгоҳи Ҷеорҷтавн, гуфтааст, ба боварии вай ҳоло номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон эҳсос кардаанд, ки қазовати ҷомеъа дар бораи Ҷорҷ Буш чӣ гуна аст. Қазовати онҳо манфист ва ҷомеъа фикри худро тағйир намедиҳад. Ҷорҷ Буш ахиран бо як кумаки 150 миллиард доллар барои танзими вазъи иқтисодӣ дар Амрико мувофиқат кард. Виллем Бютер аз пажуҳишгоҳи иқтисодии Лондон чунин кумакро дар системи молӣ тасфияи иқтисодӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо хонум Катлин Себелиус, волии аёлати Канзас ва яке аз шахсиятҳои маъруфи Ҳизби демократи ИМА, дар маросими суханронии Ҷорҷ Буш дар Конгресс гуфт, дар панҷ соли ахир садҳо нафар дар задухурдҳо дур аз Амрико ҷони худро аз даст додаанд ё захмӣ шудаанд. Вай бо назардошти сиёсати панҷ соли ахири Амрико хитоб ба раисҷумҳур гуфт: «Сиёсати хориҷии Амрико моро бо муттаҳидони камтар ва душманони бештаре мегузорад. Оқои раисҷумҳур, бо мо ҳамроҳ шавед, то як ҷо бо Конгресс кор кунем ва тасмимҳои ҳушмандонае бигирем! Мо мавқеъи худро дар ҷаҳон дубора ба даст хоҳем овард, мардуми худ ва манофеъи худро ҳифз хоҳем кард".

Ҳилларӣ Клинтон, номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби демократ, хитобан ба ҳаводорони худ дар Коннектикут гуфт, бори ахир аст, ки Ҷорҷ Буш паёми солона мефиристад. Соли оянда ин паёмро раисҷумҳур аз Ҳизби демократ хоҳад фиристод.

Дар Амрико паёми солонаи раисҷумҳур маъмулан аз муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ кишвар дар давоми сол дониста мешавад. Намояндагони ҳар ду маҷлиси Конгресс ва шахсиятҳои давлатӣ дар ин маросим ширкат меҷуянд. Вале соли ҷорӣ рақобатҳои интихоботӣ барои ишғоли курсии раисҷумҳур ба паёми кунунӣ соя афканда буд.

XS
SM
MD
LG