Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти занон дар Қандаҳори Афғонистон


Наздик ба 500 зани афғон дар як тазоҳурот дар ҷануби Афғонистон аз рабоиши корманди амрикоии як созмони хайрия эътироз карданд. Онҳо раҳоии фаврии Сид Мизелл, корманди Бунёди рушди деҳоти Осиёиро талаб карданд ва аз мақомоти давлат хостанд, ӯро пайдо кунанд. Руно Тарин, раиси анҷумани занони Қандаҳор дар ин бора мегӯяд: "Таҷаммӯъи мо нишони пуштибонии мо аз хонуми амрикоист, ки дар шаҳри мо рабуда шуд. Мо аз ришсафедони қабоил ва мақомоти давлат мехоҳем ба озодии фаврии ӯ кӯмак кунанд. Рабудани зан хилофи фарҳанг ва арзишҳои исломиии мост." Мизел ва ронандаи афғони ӯ рӯзи шанбе аз тарафи мусаллаҳони номаълум дар Қандаҳор рабуда шуданд. Созмони хайрия мегӯяд, рабояндагон бо он дар тамос нашудаанд.
XS
SM
MD
LG