Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози занҳои бозорнишин


Субҳи рӯзи душанбе, 29 январ, як гурӯҳи аъзами тоҷирони бозори Гулистони Панҷакент ба нишони эътироз аз ба маротиб зиёд намудани андози чакана дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омаданд.

Тоҷирзанон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, сабаби ба кор набаромадан ва дар назди бинои ҳукумат ҷамъ омадани онҳо - сар аз соли нав чаҳор маротиба афзоиш ёфтани андози чакана мебошад.

Тоҷирзанон изҳори нигаронӣ аз он намуданд, ки ҳарчанд масъулони ҳукумати шаҳр ҳамроҳ бо сарварони идораи андоз намояндаҳои онҳоро дар толори ҳукумат қабул карданд, вале оид ба ин масъала посухи мушаххасе надодаанд.

Сар аз соли нав ҳамасола андози чаканаро зиёд менамудаанд. Барои рушанӣ андохтан ба ин масъала ба муовини раиси шаҳр Зафарҷон Атоев пас аз мулоқоташ бо ҳамоишгарон муроҷиат намудем, аммо ӯ аз посух худдорӣ намуд ва гуфт, ки ин вазифаи ӯ нест.

XS
SM
MD
LG