Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон ба Тоҷикистон кумак мекунад


Шурӯъ аз имрӯз Қирғизистон ба Тоҷикистон шабонарӯзӣ 500 000 кВтс барқ интиқол мекунад.
Дар ин бора сарвари ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев хабар дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки,ба гуфтаи Ш. Самиев, ин нерӯи барқ бо шарти пардохти он аз тарафи Тоҷикистон то охири моҳи май дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири кишвар Оқил Оқилов 24-уми январи соли равон дар мулоқот бо Игор Чудинов, сарвазири Қирғизистон, аз ӯ хоста буд, ки ҷиҳати камбуди шадиди барқ дар кишвар интиқоли нерӯи барқ ба Тоҷикистонро афзоянд. Дар ҳамин ҳол сарвари «Барқи тоҷик» эълом намуд, ки интиқоли барқ ба Афғонистон ба мухлати номуайян мутаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG