Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Туркманистон ризоият додааст, дархости Тоҷикистонро ба афзоиши интиқоли неруи барқ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ин масъала дар гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баррасӣ шуд.

Дар ҳоли ҳозир Туркманистон ба Тоҷикистон дар мавсими сармо 1 миллаирд киловатт-соат неруи барқ интиқол медиҳад, ки ҳар киловатти он 2,1 сент аст. Тоҷикистон ризоият додааст, ки нархи барқи Туркманистонро бо алюминиум пардохт мекунад. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар посух ба хоҳиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, афзоиши интиқоли неруи барқ ба Тоҷикистон бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи Туркманистон ва вазъи хатҳои интиқоли барқ бастагӣ хоҳад дошт.

Дар ҳоли ризоияти Туркманистон низ бояд Узбакистон ба чунин афзоиш омода будани худро иброз дорад, зеро интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон аз тариқи шабакаи интиқоли барқи Узбакистон ба амал меояд. Тошканд дар гузашта барои шурӯъи чунин интиқол монеъаҳои зиёд эҷод кард. Аз сӯи дигар ин бахши пайвандии хатти барқ, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, солҳои дароз бекор мехобид ва аз истифода баромада буд.

Тоҷикистон барои дубора фаъол кардани он ба Узбакистон сармоя ва таҳҷизоти зарурӣ фиристонд. Бо вуҷуди ин интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон хеле дертар аз барномаи тарҳрезишуда оғоз гардид. Бебарқӣ дар сармои шадиди зимистон ва ба сатҳи фалокатовар поин омадани сатҳи об дар обанбори Норак ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кардааст, аз ҳамсоягонаш барқи изофӣ дархост кунад.
XS
SM
MD
LG