Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон хостори афзоиши нақли барқи Туркманистон шуд


Туркманистон ризоият дод, ки интиқоли неруи барқ ба Тоҷикистонро бештар хоҳад кард. Ин масъала дар гуфтугӯи телефонии президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон -- Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баррасӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир Туркманистон ба Тоҷикистон дар мавсими сармо 1 миллаирд киловатт-соат неруи барқ интиқол медиҳад, ки ҳар киловатти он 2,1 сент аст. Тоҷикистон ризоият додааст, ки нархи барқи Туркманистонро бо алюминиум пардохт мекунад. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар посух ба хоҳиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, афзоиши интиқоли неруи барқ ба Тоҷикистон бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи Туркманистон ва вазъи хатҳои интиқоли барқ бастагӣ хоҳад дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG